Пайвандҳои дастрасӣ

Нооромӣ дар марз дар арафаи интихобот дар Абхозистон


Як рӯз қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Абхозистон вазъ дар марзҳои миёни Гурҷистону Абхозистон ноором шуд. Мақомоти Тифлис ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки марзбонҳои рус сарҳадро ба рӯи гурҷиҳои муқими Абхозистон бастаанд. Ба иддаои онҳо, даҳҳо тан аз гурҷиҳои муқими ноҳияи Галӣ ҳангоми талоши убур аз марз боздошт ва ҷарима карда шудаанд. Ба онҳо ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати такрори марзшиканӣ ба мӯҳлати то се сол маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.
Ва аммо мақомоти ноҳияи Галӣ ин иттиҳомро рад карда гуфтаанд, фақат онҳое муҷозот шудаанд, ки талош доштанд ғайриқонунӣ аз марз убур кунанд. Айни ҳол дар марзи Гурҷистону Абхозистон фақат як постгоҳи қонунӣ фаъол аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG