Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии HRW аз ҳамлаву таъқибҳо дар Узбакистон


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch хабар дод, ки мақомоти Узбакистон фишор ба ҳомиёни ҳуқуқи башар дар кишварро пурзӯр кардаанд. Дар изҳороти Ҳоллӣ Картнер, раиси Human Rights Watch дар бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфта шудааст, ки дар арафаи интихоботи парлумонии рӯзи 27 декабр ҳамлаву таҳдид алайҳи фаъолони ҷунбиши дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Узбакистон афзоиш ёфтааст. Ҳоллӣ Картнер аз он изҳори таассуф кардааст, ки ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо вақтҳои ахир ба нақзи ҳуқуқи башар дар Узбакистон камтар таваҷҷуҳ мекунанд.
XS
SM
MD
LG