Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули тарҳи Қатъномаи оби СММ


Маҷмаъи умуми Созмони милал аз пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати баргузории ҳамоиши байнулмилалии об дар сатҳи баланд моҳи июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе истиқбол кард.

Ин истиқбол дар тарҳи Қатъномаи Маҷмаъи умуми Созмони милал нашр шудааст, ки ахиран ҳамроҳ бо чорабиниҳои дигари Даҳсолаи байнулмилалии «Об барои ҳаёт» қабул гардид.

Ин тарҳ ба кишварҳои узви Созмони милал тавсия медиҳад, то барои иҷрои вазоифи марбут ба соҳаи захираҳои обӣ, ки дар сатҳи байнулмилалӣ мувофиқа шудаанд, талошҳояшонро идома бидиҳанд.

Тарҳи ин баёнияро намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони милал Сироҷиддин Аслов муаррифӣ кардааст ва гуфтааст, барои Тоҷикистон, ки мубтакири эълони Даҳсолаи об мебошад, расидан ба аҳдофи Даҳсола аҳаммияти бузург дорад. Ҷаноби Аслов гуфтааст, мутмаин аст, ки об яке аз манобеъи аслии рушди босубот дар ҷаҳон мебошад.

Даҳсолаи об бо пешниҳод ва талоши ҷониби Тоҷикистон эълон гардида, солҳои 2005-2015-ро дарбар мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар суханронии худ дар СММ пешниҳод намуд, ки соли 2012-ум - Соли байналмилалии дипломатияи об эълон гардида, барои истифодаи оқилонаи захираҳои об дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид иқдомоти минбаъдаи мувофиқашуда муайян карда шаванд.

Мавзӯъи об дар Осиёи Марказӣ яке аз мушкилоти муносибатҳои миёни кишварҳои ин минтақа, махсусан миёни Узбакистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мебошад. Дар ҳоле, ки Узбакистон мушкили об дар минтақаро ба талошҳои бунёди иншооти энержӣ аз об пайваст медонад, ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон мутмаинанд, ки мушкили об дар истифодаи ғайриоқилона ва масрафкоронаи он аз ҷониби кишварҳои поиноб мебошад.
XS
SM
MD
LG