Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар маркази шаҳри Кӯлоб, саввумин шаҳри калони Тоҷикистон, бо фарорасии сармои зимистон сокинон дар биноҳои баландошёна бухориҳои ҳезумӣ насб кардаанд.

Маҳмадулло Наимов, сокини хиёбони марказии ин шаҳр, ки дар ошёнаи 7-ум зиндагӣ менамояд, зимни сӯҳбат гуфт, касе кафолат дода наметавонад, ки ба манозили эшон дар як рӯз чанд соат барқ дода мешавад. Ба қавли ӯ, гоҳе бо иллати садама дар хати интиқоли нерӯи барқ ва гоҳ бо сабабҳои барои сокинон номаълум хонаҳои онҳо бебарқ мемонад. Аз ин рӯ, вай мегӯяд, маҷбуранд бухорӣ шинонанд ва як дарза ҳезумро бо нархи 3-3,5 сомонӣ харида, хонаҳояшонро гарм кунанд.

Гулсара, ҳамсари Маҳмадулло мегӯяд, дар макони зисти онҳо, бинои нӯҳошёнае, ки се сол қабл, дар арафаи таҷлили 2700-солагии Кӯлоб бунёд ёфтаааст, на хати интиқол газ вуҷуд дораду на аз об. Вай мегӯяд, рӯз то бегоҳ кори занҳо аз поён ба хонаҳои баланд обкашист.

Бобо Исломов, сокини дигари шаҳр мегӯяд, то ба ҳол дар Кӯлоб барқ ноадолатона тақсим мешавад. Ба гуфтаи ӯ, дар маҳаллаҳое, ки одамони доро зиндагӣ мекунанд, мавриди ками хомӯш кардани барқ вуҷуд дорад, аммо ин кор дар маҳаллаҳои мардуми камбизоат ҳамеша такрор меёбад. Ҷамила, сокини маҳаллаи марказии шаҳр дар тақвияти гуфтаҳои боло гуфт, ки дар ҳамсоягии онҳо афроди доро зиндагӣ мекунанд ва эшон бо хати ҳамешагии нерӯи барқ таъминанад. Аммо мардуми камбизоат ҳамеша аз норасоии нерӯи барқ танқисӣ мекашанд.

Сар аз моҳи сентябр дар шаҳри Кӯлоб реҷаи интиқоли нерӯи барқ ҷорист. Дар бархе маҳаллаҳои шаҳр ҳафтаҳо боз қувваи барқ нест. Дар навоҳии кӯҳистони минтақа реҷаи иниқоли қувваи барқ боз ҳам шадидтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG