Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Гурҷистон эълом доштанд, ки баҳори соли оянда боз тақрибан ҳазор афсару сарбози иловагиро ба Афғонистон интиқол хоҳанд дод.

Онҳо ба 170 низомии кишвар мепайванданд ва ба ин васила ин кишвари хурди қафқозӣ, аз рӯи нуфуси аҳолӣ, ба яке аз бузургтарин саҳмгузорон дар ҷанг алайҳи терроризм дар Афғонистон табдил хоҳад шуд.

Ҳафтаи гузашта Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, расман эълом дошт, ки барои таҳкими мубориза бо созмони “ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” ба Афғонистон 30 ҳазор нерӯи иловагӣ мефиристад. Ҳампаймонҳои Амрико дар Паймони НАТО ҳам барои интиқоли боз 7 ҳазор афсару сарбози иловагӣ розӣ шуданд.

Эка Ткешалашвилӣ, раиси Шӯрои амнияти милли Гурҷистон, дар сӯҳбат бо бахши гурҷии Радиои Озодӣ гуфт, ки тасмими Тифлис барои интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба Афғонистон – баёнгари муносибати ҷиддӣ ба миссияи НАТО дар ҳолест, ки мавзӯъи вуруди кишвар ба ин Паймон норушан боқӣ мондааст. Ӯ афзуд,
“паёми аслии мо ин аст, ки Гурҷистон чун кишвари зери таҳдид қарордошта на фақат хостори таъмини амният аст, балки аз саҳмгузорон дар таъмини амният низ ҳаст. Ман фикр мекунам, ки ҳампаймонҳои мо инро дарк мекунанд. Он нерӯе, ки мо ба Афғонистон мефиристем, аз рӯи теъдод шояд кишварҳои Аврупои ғарбиро шарманда кунад. Вале мо хостори шармандасозии дигарон нестем, мо фақат мехоҳем намоиш диҳем, ки барои дар як саф дар ҳампаймонҳоямон истодан омодаем”.

Изҳороти Гурҷистон дар бораи интиқоли нерӯҳои иловагӣ дар Брюссел, дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО пахш шуд, дар нишасте, ки боз ҳам аз даъвати Тифлис барои пайвастан ба Барномаи амал – барномаи калидии қабл аз вуруд ба НАТО худдорӣ карда шуд.

Президенти Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз пуштибонии раисҷумҳурии пешини Амрико Ҷорҷ Буш бархурдор буд ва аммо ҳукумати Барак Обама ба хотири ҷилавгирӣ аз норозигиҳои нави Русия аз Тифлис фосила мегирад.

Тасмими Гурҷистон дар робита ба интиқоли нерӯҳои нав ба Афғонистон суоле ба миён меоварад, ки Тифлис дар иваз чӣ мегирад? Бештари коршиносон мутмаинанд, ки Гурҷистон ба ҷуз миннатдорӣ аз Вашингтон дигар мафоде ба даст нахоҳад овард. Эдвард Лукас, хабарнигори масоили Аврупои Марказӣ ва Шарқи маҷаллаи британиявии “Экономист” ва муаллифи китоби “Ҷанги сарди нав”, мегӯяд, тасмими ахири Тифлис дар муқовиматаш бо Русия басо муфид аст. Ӯ мегӯяд, “гурҷиҳо медонанд, ки онҳо ҳамсояи сангинтабиате доранд ва таваҷҷуҳи Амрико ба кишвар кафолати амнияти бидуни сару садо алайҳи таҷовузи минбаъдаи Русияро таъмин мекунад. Ва ҳама гуна пуштибонӣ аз Амрико дар ин вазъ хуб аст”.

Зимнан, мақомоти Амрико аллакай ба Тифлис барои тасмимаш оид ба фиристодани нерӯҳои нав ба Афғонистон изҳори миннатдорӣ кардаанд. Генерал Роҷер Брэдӣ, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Амрико дар Аврупо, дар ҷараёни сафараш ба Гурҷистон тасмими Тифлисро чун “намунаи ибрат барои дигарон” тавсиф кард. Котиби давлатии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҳам дар нишасти ахири Шӯрои НАТО-Русия дар Брюссел гуфт, “Вашингтон аз саҳмгирии Гурҷистон дар ин рисолати муҳим миннатдор аст”.

Зимнан, дар ҷанги Ироқ ҳам 2 ҳазор низомии гурҷӣ ширкат доштанд ва онҳо фақат моҳи августи соли 2008, замони ҷанг бо Русия ба кишвар боз хонда шуданд. Ва аммо коршиносон мегӯянд, ҳарчанд ҳукумати Обама ҳаққи Гурҷистон барои пайвастан ба Паймони НАТО-ро эътироф мекунад, ва аммо гумон аст дар ин самт ба Тифлис кумаке кунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта Михаил Саакашвилӣ дар суханронӣ дар назди ҳарбиёни пойгоҳи нави низомӣ дар канори Тифлис ширкати кишвараш дар ҷанги Афғонистонро бо таъмини амният дар худи Гурҷистон марбут кард. Ӯ гуфт, дар ҳоле, ки Амрико ва НАТО бо ҳалли қазияи Афғонистон машғуланд, Русия талош дорад то ҷойгоҳи худ дар Қафқози ҷанубиро ҳарчӣ бештар устувор созад. Саакашвилӣ ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои кишвар дар ҷанги Афғонистон таҷрибаи кофӣ меомӯзанд, ки дар низоъҳои оянда ба он ҳатман ниёз пайдо хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG