Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

FBI ба бозпурсии ҷавонони амрикоӣ шурӯъ кард


Маъмурони FBI ва ё Хадамоти федеролии таҳқиқотии Амрико барои бозпурсии панҷ ҷавони боздоштшудаи амрикоӣ дар Покистон ба мақомоти интизомии ин кишвар пайвастаанд. Бими он меравад, ки ин панҷ ҷавони мусулмон саъй доштаанд, то амалиёти террористӣ анҷом бидиҳанд. Хабаргузории "Ассошиейтед Пресс", аз қавли як мақоми интизомии Покистон навиштааст, он панҷ ҷавони амрикоӣ, ки аввали ин ҳафта дар ноҳияи Саргоға, дар ҷануби Исломобод боздошт шуданд, бо намояндагони як созмони ҳамкори Ал-Қоида мулоқот карда ва хостаанд, аз онҳо омӯзиш бигиранд. Вале дархости онҳо рад шудааст, зеро ин ҷавонон тавсияе аз ифротгароёни боэътимод надоштаанд. Ин панҷ донишҷӯи сокини Вирҷиния воқеъ дар наздикии шаҳри Вашингтон бино ба гузоришҳо, моҳи ноябр аз хонаҳояшон ғайб заданд. Яке аз хонаводаҳо навори видеоиро пайдо кардааст, ки дар он яке аз он ҷавонон дар пасманзари саҳнаҳои хушунат ва ояҳои Қурбон, “алвидоъ” мегуфтааст.
XS
SM
MD
LG