Пайвандҳои дастрасӣ

Қасди ҷавонони боздоштшудаи амрикоӣ дар Покистон


Мақомоти ҳифзи қонуни Покистон мегӯянд, панҷ ҷавони мусулмони амрикоии боздоштшуда дар ин кишвар бо намояндагони як созмони ҳамкори Ал-Қоида мулоқот карда ва хостаанд, аз онҳо омӯзиш бигиранд. Вале дархости онҳо рад шудааст, зеро ин ҷавонон тавсияе аз ифротгароёни боэътимод надоштаанд. Як мақоми баландпояи Покистон гуфт, панҷ ҷавони амрикоӣ мехостаанд, дар шимолуғарби Покистон ва бар зидди нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ҷиҳод кунанд. Як дипломати покистонӣ дар Вашингтон гуфт, он ҷавонон аввал саъй кардаанд, аз тариқи Интернет бо тундравон тамос бигиранд ва сипас барои мулоқоти рӯ ба рӯ ба Покистон сафар кардаанд. Қазияи мазкур ин нигарониро афзудааст, ҷавонони мусулмони амрикоӣ ҳарчӣ бештар тӯъмаи шабакаҳои ифротгарои дохилӣ дар Амрико мешаванд. Пештар аз ин мақомоти Иёлоти Муттаҳида як сокини иёлати Чикагоро ба тарҳрезии амалиёти террористӣ муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG