Пайвандҳои дастрасӣ

Мудири собиқи "Казатомпром" муҳокима мешавад


Додситонии Қазоқистон таҳқиқи парвандаи Мухтор Ҷакишев мудири собиқи ширкати тавлиди ураниумро хотима дода ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодааст. Додситонӣ Мухтор Ҷакишевро ба дуздӣ ва ришвахорӣ муттаҳам мекунад. Нурдавлат Суиндиков – сухангӯи додситонии Қазоқистон гуфт, мудири ширкати “Қазатомпром” ба аз худ кардани моликияти ширкати давлатӣ” муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи вай, аз ширкати мазкур, ки яке аз бузургтарин тавлидкунандаҳои ураниум дар ҷаҳон мебошад, 600 ҳазор долларро дуздидаанд. Сухангӯи додситонии Қазоқистон афзуд, Мухтор Ҷакишев ҳамчунин дар ивази ришва, баъзе аз ширкатҳоро ҳамкори “Қазатомпром” интихоб мекардааст. Аммо Мухтор Ҷакишев тамоми ин иттиҳомотро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG