Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нав ба Эрон барои барномаҳои ҳастаиаш


Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Фаронса ба Эрон ҳушдор доданд, ки агар қатъномаҳои Шӯрои Амният бар сари барномаҳои атомиашро иҷро накунад, мумкин аст ба таҳримоти бештари Созмони Милал рӯ ба рӯ шавад. Намояндагони ҳар се кишвар дар нишасти Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар ин бора сухан гуфтанд, ки дар он кумитаи таҳримот, гузориши худ доир ба Эронро ба шӯрои мазкур ироа кард. Дар ин гузориш Эронро дар нақзи таҳримот аз ҷумла интиқоли силоҳ тайи се моҳи гузашта муттаҳам кардаанд. Сафирони Амрико, Бритониё ва Фаронса аз он ибрози таассуф намуданд, ки Эрон созиши атомии ҳосилшуда бо миёнҷигарии Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомиро напазируфт. Бар асоси ин созиш, аз ураниуми нохолиси Эрон дар Русияву Фаронса сӯхти атомӣ ҳосил карда ва онро барои истифода дар реакторҳои атомии Эрон ба ин кишвар бармегардонданд.
XS
SM
MD
LG