Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муғулистон: Таназзули кӯчманчигӣ


Муғулистон макони яке аз чанд фарҳанги кӯчманчигист ва бо ин таваҷҷӯҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб мекунад. Аммо таҳти таъсири фарояндҳои муосир ин фарҳанг тадриҷан аз байн меравад.

Муғулҳо бештар шаҳрнишин мешаванд, то шуғл ва даромаде ба даст оранд. Бо вуҷуди ин 40 дарсади аҳолии Муғулистон ҳамоно зиндагии кӯчӣ ба сар мебарад, вале бо коҳиши чарогоҳҳо теъдоди чорводорони даштҳои ин мамлакат низ камтару камтар мешавад.

Чанде пеш як ҳайати эҷодӣ аз Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аз ин гӯшаи тақрибан фаромӯшшудаи дунё дидан кард ва филми мустанаде ба навор гирифт, ки равандҳои нави зиндагии муғулҳоро ба тасвир мегирад.

Ин филмро тамошо кунед:

Муғулистон: Таназзули кӯчманчигӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:46 0:00
XS
SM
MD
LG