Пайвандҳои дастрасӣ

Солҳои охир дар Тоҷикистон шумори сигоркашон афзоиш меёбад ва дар муқоиса бо солҳои шӯравӣ, ҳоло шумори истеъмолкунандҳои тамоку дар миёни наврасону занон бештар шудааст.

Ҳарчанд шумори дақиқи сигоркашонро муайян кардан душвор аст, вале табибони тоҷик мегӯянд, ки ба эҳтимоли ғолиб ҳар нафари сеюм дар ин кишвар истеъмолкунандаи сигор ё нос – тамокуи мардумӣ мебошад.
Бисёр занҳое ҳастанд, ки дар сигоркашӣ мустақилияти худро мебинанд. Шояд ҳам проблемае доранд. Аксари онҳо бо он сабаб пинҳонӣ сигор мекашанд, ки шояд шавҳарашон намемонад, ё фикр мекунанд, ки ин як гуноҳи азим аст...

Табибон мегӯянд, ки бо вуҷуди барои бисёриҳо ошно будани паёмадҳои сигоркашӣ, ки узвҳои нафасакашӣ, шуш ва қалби инсонро заъиф мекунаду дар бадтарин ҳолат боиси сар задани саратон мешавад, мутақоид кардани сигоркаше барои тарки ин одати бад корест душвор ва вобаста аз иродаи инсон.

Нигина як сокини Душанбе аст, ки панҷ соли охир пайваста сигор мекашад. Ҳоло ӯ 30 сол дорад ва мегӯяд, ки борҳо кӯшиши тарки сигоркаширо кардааст, вале бенатиҷа. Мегӯяд, барояш як таконе, як иродаи қавӣ намерасад, ки аз ин одати бад даст кашад:

“Дугонаву шиносҳои зиёд доштам, ки ба ман мегуфтанд, агар ягон проблема дошта бошӣ, танқисӣ мекашӣ - сигор каш. Ман, ки онро истеъмол кардам, дигар партофта ҳам натавонистам. Ҳис мекунам, ки сулфаи зиёд мекунам, дар нафаскашӣ душворӣ мекашам…”

Вале дар айни замон Нигина афзуд, ки хуб медонад сигоркашӣ барои ӯ чун зане, ки мехоҳад соҳиби боз як фарзанд шавад, пеш аз ҳама як масъулият аст ва ӯ ният дорад як сол пеш аз таваллуди фарзанди дуюмаш пурра аз ин одат даст кашад. Нигина афзуд, ки ҳоло аз назари ӯ занҳои зиёд дар Тоҷикистон сигоркаш шудаанд, ҳарчанд маъмулан бо ин кор пинҳонӣ аз чашми ҷомеа ва дар ҳалқаи маҳдуди дӯстон машғул мешаванд. Ин тарзи сигоркаширо табибон бо истилоҳи “сигоркашиҳои дӯстона ё гурӯҳӣ” ёд мекунанд.

Нигина мегӯяд: “Бисёр занҳое ҳастанд, ки дар сигоркашӣ мустақилияти худро мебинанд. Шояд ҳам проблемае доранд. Аксари онҳо бо он сабаб пинҳонӣ сигор мекашанд, ки шояд шавҳарашон намемонад, ё фикр мекунанд, ки ин як гуноҳи азим аст. Ё шояд метарсанд, ки дигарҳо нагӯянд, ки ин зани паст аст, фоҳиша аст, аз ҳамин хотир рӯшод намекашанд”.

Ин дар ҳолест, ки аксари мардон дар Тоҷикистон ба сигоркашии занон бо назари интиқодӣ менигаранд ва мегӯянд, ки ин одати бегона ва нозеб барои як зани суннативу мусалмон аст.

Шокир Маҳмадназаров сардори шӯъбаи пешгирии нашъамандӣ дар Маркази миллии мониторинг ва нашъмандӣ дар назди вазорати
Дуди сигор аз қариб 4000 моддаи кимиёӣ иборат аст, ки ба роҳҳои нафаскашии одам ворид мешавад. Зарари он аз луҳоби даҳони кас, роҳҳои нафаскашӣ, шуш шурӯъ мешавад. Вақте ба хун мегузарад, ба дигар узви бадани инсон зарари худро мерасонад...
беҳдошт мебошад. Вай гуфт, ҳарчанд дар Тоҷикистон дар масъалаи тамокукашӣ то ҳол ҳеҷ таҳқиқоте анҷом ва ё шумори дақиқи сигоркашон муайян нашудааст, вале бовар меравад, ки ҳоло, тибқи нишондодҳои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Тоҷикистон ҳам шумори истеъмолкунандаҳои сигор ва нос – тамокуи миллӣ аз 20 то 30 дар садро ташкил медиҳад.

Ӯ ба тақвияти андешаи Нигина афзуд, ки солҳои охир, шумори сигоркашон дар миёни наврасон ва занон афзоиш меёбад: “Як қисми онҳо аз рӯи тақлид, дигарҳо барои худро калонсолтар нишон додан сигорӣ мешаванд. Носкашӣ бошад дар оилаҳое ба чашм мехӯрад, ки яке аз нафарони бузургтар, масалан волидонашон носкаш бошанд. Яъне ин одат аз насл ба насл мегузарад”.

Ӯ афзуд, ки гурӯҳи дигар бо сабаби дучори мушкилоти сахти зиндагӣ шуданашон ба хотири таскини асаб ба истеъмоли сигор, ки дорои маводи никотини оромкунандаи аъсоб мебошад, рӯ меоранд. Вай гуфт, ки набояд фаромӯш шавад, ки сигоркашӣ пеш аз ҳама барои занҳои ҳомиладору модарони оянда паёмадҳои номатлуб дорад, чунки дар ҳолати тамокукашии давомдори зан дар ҳангоми обистаниаш хатари ба дунё омадани тифли мӯътод хеле баланд мешавад. Аксари сигоркашон ба бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, шуш, рагҳои хунгузар ва бемориҳои дил гирифтор мешавнад, гуфт ин табиби тоҷик.

Шокир Маҳмадназаров афзуд: “Дуди сигор аз қариб 4000 моддаи кимиёӣ иборат аст, ки ба роҳҳои нафаскашии одам ворид мешавад. Зарари он аз луҳоби даҳони кас, роҳҳои нафаскашӣ, шуш шурӯъ мешавад. Вақте ба хун мегузарад, ба дигар узви бадани инсон зарари худро мерасонад. Аз ҳамин 4000 моддаи кимиёӣ қариб 50-тоаш моддае мебошад, ки ба бемории саратон оварда мерасонад”.

Мисли дигар мардуми шарқӣ дар миёни тоҷикони зиёд носкашӣ ҳам одат аст ва имрӯз растаҳои носфурӯшӣ на фақат дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон, балки берун аз он дар Русия, макони таҷаммӯи шумори зиёди муҳоҷирони тоҷик ҳам ба чамш мехӯрад. Ба гуфтаи Шокир Маҳмадназаров, зарари нос на камтар аз сигор аст:

“Он моддаҳои кимиёие, ки ҳангоми таҳияи нос истифода мешавад, хусусан оҳак, ба луҳоби даҳон, ба милк, зери забони одам ва худи забон зарари худро мерасонад ва инчунин метавонад ба саратони милку луоби даҳон оварда расонад”.

Табиби тоҷик мегӯяд, ҳар нафари огоҳ бо назардошти ин ҳама хатарҳо, агар сигоркаш бошад, бояд аз ин одаташ даст кашад. Неъмат, ки як сол мешавад аз сигоркашиву майнӯшӣ даст кашидааст, мегӯяд, дар асл ин кори сахт ва ё мушкиле нест. Ӯ ҳафт соли собиқаи сигоркаширо пушти сар карда аз бӯи нофорами дуди тамоку дар хонаву мошин хаста шуда ин ҳама одатҳои даврони ҷавониро партофтааст:

“Машқкуниро шурӯъ кардам, давидам. Ба лоғаршавӣ сар кардам. Аз ҳамин сабаб сигоркаширо партофтам. Душвор набуд. Саҳар мехезам, сарам дард намекунад, нафаскашиам хуб шуд, медавам – нафасам намегирад”.

Табибон мегӯянд, ки баъди солҳои дарози сигоркашӣ симову вазъи саломатии аксар мӯътодони тамоку ба ҳам монанд мешавад: субҳи онҳо бо сулфаи сахту давомдоре шурӯъ мешавад, онҳо дақиқаҳои зиёдро баъди хоб барои холӣ кардани роҳҳои нафаскашӣ аз боқимондаҳои дуди ғализи шаби гузашта воридшуда сарф мекунанд.

Ранги пӯсти онҳо ториктар мешаваду вазн мепартояд, дандон олудаи ранги сиёҳу зарди ифлос мешавад, ки ин ҳамон никотин аст. Маъмулан баъди бист-сӣ соли сигоркашӣ инсон лоғартар мешавад, вале ин на ба маънои сиҳҳатӣ, балки баръакс – ба маънои заъифтар шудани ҷисми онҳост, ки тавассути дуди тамоку заъфпазир мешавад.

Табибон мегӯяд, онҳое, ки мехоҳанд тарки сигоркашӣ кунанд, бояд огоҳона ба ин кор даст зананд, то ки фардо дубора ба ин одати бад барнагарданд. Ҳарчанд мӯҳлати пурра тозашавии ҷисм аз заҳри тамоку то панҷ солро дар бар мегирад, вале дар ниҳоят шонси барқароршавии сиҳҳатии шушу дили инсон баландтар шуда хатари гирифторӣ ба саратон ҳам коҳиш меёбад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG