Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Осло, пойтахти Норвегия, ба раисиҷумҳури ИМА Барак Обама Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд. Дар изҳороти кумитаи Нобел гуфта шудааст, ки ин ҷоиза ба Обама “барои саҳми бузургаш дар таҳкими ҳамкории миёни миллатҳо ва мубориза дар коҳиши силоҳи ҳастаӣ” дода шудааст.

Барак Обама зимни суханронӣ дар ин маросим иқрор кард, ки айни ҳол дастовардҳои ӯ дар мубориза барои сулҳ дар сайёра зиёд нестанд. Ва аммо афзуд, ки “фаъолияти ӯ дар арсаи ҷаҳонӣ дар марҳалаи ибтидоӣ қарор дорад ва дар марҳалаи ахир”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Амрико, баъзан ҷангҳо ногузиранд ҳарчанд барои онҳо баҳои бузург пардохт мешавад.

Ӯ афзуд, “ман ҳанӯз роҳи ҳалли ниҳоии мушкили ҷангро зери даст надорам. Он чӣ медонам ин аст, ки посух ба таҳдидҳо – нигоҳи вижа ва кори сангинро тақозо дорад. Ва бояд ҳақиқати талхро гуфт, ки мо низоъҳои хунинро дар тули ҳама зиндагии худ наметавонем бартараф кунем”.

Ба гуфтаи Барак Обама, нерӯи бадӣ дар ҷаҳон воқеъан ҳам мавҷуд аст ва алайҳи он бояд ба набард бархост. Аз нигоҳи ӯ, “сиёсати фирор аз муқовимат артиши Ҳитлерро нигаҳ надошт. Музокирот “Ал-Қоида”-ро барои ба замин гузоштани силоҳ мутмаин нахоҳад кард”.

Сарвари Амрико изҳор намуд, ки се роҳ ба самти сулҳи боадолату пойдор мавҷуд аст ва яке аз онҳо – дарёфти чораҳои алтернативии истифодаи нерӯ алайҳи кишварҳоест, ки қавонинро поймол мекунанд. Ин чораҳо бояд шадид бошанд ва кишварҳои саркашро барои тағйири рафтор водор созанд.

Дар робита ба ин мавзӯъ Барак Обама аз Эрон ва Кореяи Шимолӣ ёдовар шуд. Ба гуфтаи ӯ, режимҳое низ, ки мардуми худро мавриди террор қарор медиҳанд, бояд муҷозот шаванд. Ба ҳайси намуна ӯ ба наслкӯшӣ дар Дорфур, хушунати пайваста алайҳи занон дар Конго ва таъқибу фишор дар Мянма ишора кард.

Барак Обама изҳор намуд, ки ӯ мехоҳад барои ҳалли мушкилоти муҳимтарини ҷаҳон, аз ҷумла, таҳкими амнияти сартосарӣ, эътидоли вазъ дар Афғонистон ва мубориза бо гармшавии иқлим талош варзад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG