Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Обама барои шурӯъи хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон


ИМА дар аҳди худ барои шурӯъи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар моҳи июли соли 2011 устувор аст. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни суханронӣ дар Осло, пойтахти Норвегия, изҳор намуд, ки ин тасмими ӯ қатъист ва аммо ҷадвали хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз вазъ дар Афғонистон бастагӣ хоҳад дошт. Ҳафтаи гузашта Барак Обама расман изҳор намуд, ки соли оянда ба хотири таҳкими мубориза бо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” ба Афғонистон 30 ҳазор афсару сарбози иловагии амрикоӣ интиқол меёбад.
Раисиҷумҳури ИМА имрӯз вориди шаҳри Осло шуд ва дар нимаи дуввуми рӯз дар ин шаҳр ба ӯ ҷоизаи сулҳи Нобел супурда мешавад.
XS
SM
MD
LG