Пайвандҳои дастрасӣ

Ереван барои эътирофи наслкӯшӣ пойфишорӣ намекунад


Арманистон барои тасвиби протокол оид ба барқарорсозии равобити дипломатӣ бо Туркия бидуни эътирофи Анқара аз наслкӯшӣ ё генотсиди арманиҳо дар давраи ҷанги якуми ҷаҳонӣ омода аст. Дар ин бора имрӯз раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсиён изҳорот пахш кард. Ҳамзамон ӯ талошҳои ҳукумати Туркия барои рабт додани барқарорсозии равобити дипломатӣ бо ҳалли қазияи Қарабоғи кӯҳиро маҳкум намуд.
Мавзӯъи эътирофи куштори арманиҳо аз сӯи Туркияи Усмонӣ дар авоили қарни гузашта - аз монеъаҳои аслӣ дар роҳи эътидоли вазъ миёни Ереван ва Анқара маҳсуб мешуд. Дар Арманистон ин ҳодисаро чун наслкӯшии арманиҳо арзёбӣ мекунанд ва аммо дар Туркия бо ин розӣ нестанд ва мегӯянд, ки дар он ҳаводис теъдоди бузурги туркҳо низ ба ҳалокат расидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG