Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роберт Гейтс ба Ироқ сафар кард


Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс бо як сафари ғайриинтизор вориди Бағдод шуд. Интизор меравад, ки имрӯз ӯ бо раҳбарони Ироқ ва ҳайати фармондеҳии ИМА дар ин кишвар мулоқот кунад. Дар ин дидору гуфтугӯҳо масоили марбут ба таъмини амният дар ин кишвар баррасӣ хоҳад шуд.
Рӯзи сешанбе бар асари силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар Ироқ 127 нафар кушта шуда ва 500 нафар ҷароҳат бардоштанд. Ҳукумати Нурӣ Ал-Моликӣ барои оҷизӣ дар ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ мавриди интиқод дар дохил ва хориҷи кишвар қарор дорад.
XS
SM
MD
LG