Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки ҷаҳонӣ (WB) омодааст, дар сурати камбуди барқ дар фасли зимистон ба Тоҷикистон ёрӣ бидиҳад.

Моту Каниши, мудири Бонки ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои Осиёи Миёна пас аз дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ин мулоқот, ки намояндагони Вазорати энержӣ, Бонки миллӣ ва мутахассисони дигар ҳузур доштанд, чанд роҳи расонидани ёрӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҷаноби Каниши гуфт, «яке аз роҳҳои беҳтарин, ки имкони иҷро дорад, сармоягузорӣ дар ворид кардани нерӯи барқ ба Тоҷикистон мебошад. Вале сармоягузории воридоти нерӯи барқ ба Тоҷикистон на танҳо аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ сурат мегирад, балки дар ин сармоя ҳиссаи давлати Тоҷикистон низ хоҳад буд. Ба илова, мо талош хоҳем кард, то донорҳои Тоҷикистонро низ дар сармоягузории иҷрои ин тарҳ ҷалб кунем.»

Ахиран, ба дунболи аз низоми ягонаи энержии ОМ хориҷ шудани Узбакистон, Тоҷикистон аз созмонҳои ҷаҳонии сармояггузор тақозо кард, то ба ин кишвар дар ҳалли мушкили энержӣ ёрӣ бидиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, новобаста аз он ки Узбакистон аз низоми ягонаи энержӣ хориҷ шудааст, Тоҷикистон метавонад бо имзои қарордодҳои дуҷониба бо пеш аз ҳама Узбакистон нерӯи барқро аз кишварҳои хориҷӣ ворид кунад.

Дар ҳамин ҳол, Моту Каниши гуфт, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот онҳоро дар ҷараёни вазъи феълии энержӣ дар ОМ ва пайомади он барои Тоҷикистон қарор додааст. Вай гуфт, «ба ҳамин далел мо омода ба ёрӣ ҳастем. Вазифаи аслии мо дарёфти гарантия ё тазминест, ки кӯмакҳо ба мардум мерасад ва мардум ба истифода аз нерӯи барқу гармӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Дар ҳоле ки дар назар аст, ин зимистон сард биояд.»

Ҳамчунин, ҷаноби Каниши гуфт, дар ин мулоқот барномаҳои ҳамкории энержӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд, ки марбут ба иҷрои барномаҳои энержии Тоҷикистон аст. Ҷаноби Каниши дар мавриди эҳдоси нерӯгоҳи Роғун гуфт, «мо талош дорем, ки мӯҳлати баррасии тарҳи фаннӣ, иқтисодӣ ва экологии нерӯгоҳи Роғунро кӯтоҳ кунем. Масъалаи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон дар робита ба нерӯгоҳи Роғун мавзӯъи гуфтугуҳои оянда аст.»

Дар ҳамин ҳол, Кияра Бронкӣ, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, гуфт, ҳамкориҳои энержие, ки WB бо Тоҷикистон дорад, аз ҷумла, баррасии тарҳи Роғун ва иҷрои барномаи CASSA-1000, идома хоҳанд ёфт. Барномаи CASSA-1000 ба интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон рабт дорад ва қарор аст, сохтмони нахустин хатти интиқоли барқ бо тавоноии 220 киловатт аз Тоҷикистон то Афғонистон дар моҳи майи соли оянда ба поён бирасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG