Пайвандҳои дастрасӣ

Латукӯби сиёсатмадору сиёсатшиноси қирғиз


Дар Бишкек Пӯлод Ҷонузоқов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт. Пӯлод Ҷонузоқов яке аз ҳаммаслакони президенти собиқ Аскар Акаев буд, ба ин далел президенти собиқ тавассути интернет изҳороте пахш намуда, ҳодисаи мазбурро авҷи ҷинояткорӣ дар Қирғизистон арзёбӣ кардааст.

Ба гуфтаи писари Пӯлод Ҷонузоқов, бар асари зарбу лати афроди номаълум пои падараш шикастааст ва ӯ ҷароҳатҳои дигар низ бардоштааст. Вай афзуд, падараш ҳоло дар бемористон бистарист ва ҳанӯз дар ҳолати шок қарор дорад.

Қанат Ҷонузоқов, бародари Пӯлод Ҷонузоқов, мӯътақид аст, ки ин ҳамла ҷанбаи сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи Қанат Ҷонузоқов, ҳадаф аз ин ҳамла ба тарсу ҳарос мувоҷеҳ кардани бародараш мебошад.

Аммо Азимбек Бекназаров, яке аз мухолифони ҳукумати Боқиев ва узви ситоди ҷунбиши иттиҳоди мардумии Қирғизистон, мегӯяд, Пӯлод Ҷонузоқов аз саҳнаи сиёсии кишвараш кайҳо нопадид шудааст. Ба гуфтаи Азимбек Бекназаров, вай чунин мешуморад, ки Пӯлод Ҷонузоқов барои фаъолиятҳои сиёсиаш мавриди ҳамлаи афроди номаълум қарор нагирифтааст.

Пӯлод Ҷонузоқов яке аз тарафдорони бозгашти президенти барканоршуда Аскар Акаев ба Қирғизистон аст. Ба гуфтаи коршиносон, Аскар Акаев ба маросими солгарди нависандаи шодравон Чингиз Айтматов даъват шудааст, ки 12-уми декабр дар деҳаи Шакари вилояти Талас баргузор хоҳад шуд. Ба таъкиди ин коршиносон, агар Аскар Акаев ба Қирғизистон бозгардад, мардуми зиёд бо вай мулоқотҳо доир хоҳанд кард ва ин бозгашти Аскар Акаев худ аз худ ба маъракаҳои сиёсӣ табдил хоҳад ёфт, ки ташаббускори он Пӯлод Ҷонузоқов муаррифӣ шудааст.

Ҳодисаи дигаре, ки шаби 9-ум бар 10-уми декабр дар Бишкек рух дод, ҳамла ба Александр Князев, мудири бахши қирғизистонии пажӯҳишгоҳи ИДМ дар Бишкек аст. Князев дар назди манзилаш мавриди латукӯби чаҳор нафар қарор гирифтааст.

Ин ду ҳамла дар Қирғизистон як рӯз пеш аз Рӯзи байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар, 10-уми декабр, ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ҳамин рӯз, ҷиноҳи ҳизби оппозисиюни сотсиал-демократ дар порлумони Қирғизистон бо таъсиси як ҷаласаи фаврӣ ҳодисаҳои латукӯб ва амсоли онро ақибравӣ дар масъалаи ҳуқуқи башар арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG