Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби як сиёсатмадор ва як сиёсатшинос дар Бишкек


Дар Қирғизистон сиёсатшинос Александр Князев марвиди лату кӯб қарор гирифт. Шоми чаҳоршанбе дар Бишкек чаҳор фарди ношинос ба ӯ ҳамла карда, баъди лату кӯб портфел бо компутари дастиву ҳуҷҷатҳоро бо худ бурданд. Худи ҳамон рӯз дар Бишкек ба собиқ Котиби Шӯрои амниятии миллии Қирғизистон Болот Ҷонузоқов ҳам ҳамла карданд. Хонуми ӯ Ҷумъагул Ҷонузоқова дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ин ҳамла ангезаи сиёсӣ дорад, зеро агар лату кӯб аз сӯи авбошон сурат мегирифт, онҳо ҳатман ӯро ғорат ҳам мекарданд.
XS
SM
MD
LG