Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии панҷ амрикоии дастгиршуда дар Покистон


Кормандони хадамоти амниятии Покистон панҷ шаҳрвандии боздоштшудаи амрикоиро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Ба иттилоъи расмӣ, онҳо дар амалҳои ифротгароёна ва дар робита бо гурӯҳҳои тундгарои исломӣ гумонбар мешаванд. Гуфта мешавад, гурӯҳи панҷнафара, ки ҳама ҷавононанд, дар вилояти Панҷоб дастгир шудаанд. Ҳадди аққал ду нафари онҳо – амрикоиҳои зодаи Покистонанд. Тибқи бархе хабарҳо, ҳамроҳ бо амрикоиҳо ҳамчунин се покистонӣ ва чанд шаҳрванди дигар кишварҳо низ боздошт шудаанд.
Мақомоти ИМА мегӯянд, ки ин хабарро тафтиш мекунанд. Ҳадс зада мешавад, ки шояд онҳо аз гурӯҳи амрикоиҳои дар аёлати Вирҷиния ғайбзада бошанд. Пайвандони ин афрод хабар доданд, ки дар як сабти видеоӣ онҳо “алвидоъ” гуфта изҳор намудаанд, ки "мусалмонҳо ба ҳимоят ниёз доранд".
XS
SM
MD
LG