Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International: Вазъ дар Эрон ташвишовар аст


Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал изҳор намуд, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон тайи 20 соли ахир нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар гузориши ахири худ навиштаанд, ки қабл аз интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июн, дар ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ ва баъд аз хатми он далелҳои зиёди нақзи ҳуқуқи башар сабт шудааст.
Amnesty International аз мақомоти Эрон даъват кардааст, ки ҳама иттилоъ дар бораи куштор ва ҳабсу шиканҷаи ширкаткунандагони намоишҳои зиддиҳукуматӣ алайҳи натоиҷи расмии интихоботи раёсатҷумҳуриро ҷиддӣ тафтиш кунанд.
XS
SM
MD
LG