Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ошӯбгарон дар Филиппин сокинони як деҳаро рабуданд


Дар ҷануби Филиппин, тибқи хабарҳо, имрӯз аз 65 то 75 сокини маҳаллӣ, асосан устодон ва шогирдони мактаб, рабуда шуданд. Ба иттилоъи мақомоти вилояти Агусан дел Сур, тақрибан 20 тан аз афроди мусаллаҳ ба як деҳа ҳамла кардаанд. Як рӯз пеш низомиён онҳоро аз деҳаи ҳамсоя берун карда буданд. Музокирот барои раҳоии гаравгонҳо идома дорад.
Моҳи ноябр дар дигар деҳаи ҷанубии Филиппин – Магинданао – 57 нафар рабуда шуда ва баъдан ба қатл расида буданд. Дар ин минтақа ошӯбгарони чапгаро фаъоланд ва чандин сол боз гурӯҳҳои қавмии маҳаллӣ низ бо ҳам вориди даргириянд.
XS
SM
MD
LG