Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роғун ва ҷавонон: Ватандӯстӣ ва имтиёзҳо


«Харидорӣ намудани саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун кафолати истиқлоли энержии кишвари азизамон мебошад»

Ин шиор дар монитори бузурге дар толори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба чашм мерасад. Шиору овезаҳои ба ин монанд акнун аз телевизиону расонаҳои давлатӣ ба таълимгоҳҳо роҳ меёбанд. Ҳамакнун, мактабҳои олии кишвар ҳам бо ба роҳ мондани иқдомҳои мухталиф ва ҷалби донишомӯзон мехоҳанд дар сохтмони нерӯгоҳи бузуруги кишвар - Роғун саҳм гузоранд. Дар мушовараи ахири Вазорати маориф бо раҳбарони донишгоҳҳо муроҷиатномае қабул шудааст, ки дар он омӯзгорону муҳассилин ба дастгирӣ ва иштирок дар бунёди Роғун даъват мешаванд.

Дар Донишгоҳи тиббӣ барои кӯмак дар корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби донишомӯзони хоҳишманд дастаҳои сохтмончиён ва табибони ҷавонро ташкил медиҳанд. Шодӣ Аҳмадов, сардори шӯъбаи таълимии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, ин донишҷӯён дар мавсими таътил ба маҳалли сохтмони Роғун сафарбар мешаванд ва бидуни ҳақмузд дар бунёди ин тарҳ хизмат хоҳанд кард. Шодӣ Аҳмадов мегӯяд, ин ташаббусро дар соли 2008 пешниҳод карда буданд, вале бо сабабҳое ин кор мавқуф гузошта шуда буд. Ӯ мегӯяд, барои шомил шудан ба дастаи сохтмончиён, феълан бештар донишҷӯёне муроҷиат мекунанд, ки таҷрибаи кор дар сохтмонро доранд.

Ташкили дастаи сохтмончиён ва ҷалби донишҷӯён дар сохтмон барои Донишгоҳи тиббӣ таҷрибаи аввал нест, дар таъмиру сохтмони
бинои ин муассиса баъд аз сӯхтор аксаран донишҷӯён он ширкат доштанд, ки Саидаҳмад Холиқов ҳам яке аз онҳост. Саидаҳмад мегӯяд, барои донишгоҳи худ ройгон кор карда буд, акнун барои ватанаш ҳам ба кӯмак дар сохтмони Роғун омодааст. Ҳарчанд, мегӯяд Саидаҳмад, ҳоло намедонад, ки то куҷо барои онҳо дар сохтмон шароитҳои муосид фароҳам оварда мешавад, зеро ин паҳлӯи масъаларо ҳоло худи масъулини донишгоҳ ҳам дақиқ намедонанд.

Бо ин ҳол, иқдомҳои тарғиботӣ ва даъвати ҷавонон барои ширкат дар сохтмон ё харидории саҳмияҳо, аз сӯи Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ҳам миёни қишри ҷавон идома дорад. Дар телевизионҳои давлатӣ дар баробари ашхоси солманд, садои ҷавононеро ҳам шунидан мумкин аст, ки бо ифтихор мегӯянд, дигар дар телефонҳои худ маблағ сарф намекунанд, ё пули доштаашонро сарфа кардаву, аз пайи харидории саҳмия мешаванд.

Гуфта мешавад, як далели аслии ба ин ҳад боло гирифтани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, ин таҳти таъсири тарғиботи телевизионҳои давлатӣ қарор гирифтан аст. Гурӯҳе бар ин андешаанд, ки дар инзиво қарор гирифтани Тоҷикистон аз сӯи кишварҳои ҳамсоя ва мухолифатҳо бештар ҷавонон ва умуман сокинони кишварро зери чунин як идеяи миллӣ муттаҳид кардааст.

Акрам, як ҷавони тоҷик мегӯяд, ӯ низ худро як шахси ватандӯст меҳисобад ва омодааст, яке аз харидорони саҳмияи Роғун бошад, аммо, мегӯяд, танҳо дар сурате, ки ба бозпас гирифтани маблағ ё мафоди худ эътимод пайдо кунад. Зеро, ба қавли ӯ, ин паҳлӯи масъала феълан чандон рӯшан нест. Акрам мегӯяд, барои ба даст овардани боварии мардум бояд кор шаффоф ба роҳ монда шавад.

Акрам мегӯяд, афкори ҷавонони имрӯз дигар аст ва замоне, ки ин қишр ба хотири идея кор мекард, гузашт. Ҳоло, ба қавли ин мусоҳибам, барои ҷалби ҷавонон ба кори бемузд бояд шароити хуб ва имтиёзҳои заруриро фароҳам овард. Барои мисол, мегӯяд ӯ, хуб мебуд агар бар ивази ним соли кор дар сохтмони Роғун ба ҷавонон, ки аксарият аз хизмат роҳи гурез меҷӯянд, билети ҳарбӣ дода шавад. Бо чунин роҳҳо, ба қавли Акрам, мешавад, ки барои сохтмони ин иншооти бузург аз миёни ҷавонони нерӯи зиёди кориро ташкил дод.
XS
SM
MD
LG