Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳмон ва Роғун. Аҳзоб ва интихобот. Масоиле, ки беш аз ҳар вақти дигар дар саҳифаи нашрияҳои чопи Душанбе бозтоби густурда ёфтааст.

“Азия-плюс” дар саҳифаи аввали худ акси бузурги Раҳмонро, ки рӯйи дастонаш нусхаи саҳмияи нерӯгоҳи Роғунро дорад, нашр кардааст. Ин ҳафтанома менависад, раисҷумҳур дар дидораш бо журналистон, ки панҷ соат тӯл дошт, гуфтааст, ки саҳмгузорӣ дар Роғун иҷборӣ нест. Аммо, ӯ афзудааст, давлат дар баробари сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун талош дорад, боз роҳҳо ва биноҳои нав бунёд кунад, ки ҳатман ба пули зиёде эҳтиёҷ хоҳад дошт.

Дар саҳифаи дигари “Азия-плюс” мақолаи Носирҷони Самеъҷон, иқтисоддони мустақили тоҷик, чоп шудааст, ки ӯ роҳҳои мухталифи ҷалби сармоя барои бунёди Роғунро пешниҳод кардааст. Аз ҷумла, вай мегӯяд, давлат дар ин лаҳзаи барояш мушкил метавонад танҳо ба соҳибкорони ватанӣ умеди бештаре бандад. Аммо, иқтисоддони тоҷик гуфтааст, агар давлат мехоҳад, ки сармояи зиёде аз кисаи соҳибкорон ба ҳисоби Роғун резад, бояд идомаи мораторий дар тафтиши фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон эълон кунад.

Ҳафтаномаи “Озодагон” бо нашри як матлаб аз ҷузъиёти фурӯши саҳмияҳои Роғун, ки қарор аст аз соли нави 2010 шурӯъ шавад, изҳори нобоварӣ кардааст. Муаллифи ин матлаб менависад, “Вазорати молияи Тоҷикистон дар қиболи фурӯши саҳмияҳои Роғун иқдоми ҷиддиеро рӯйи даст нагирифтааст”. Ба навиштаи “Озодагон”, бо кафил эълон шудани сарвазиру боз чанд вазири тоҷик намешавад эътимоди мардум барои харидории саҳмияҳоро ба даст овард. Гузашта аз ин, ба навиштаи нашрия фурӯши саҳмияҳои Роғун аз тариқи кадом ниҳод ва бо чӣ роҳе сурат хоҳад гирифт, ҳанӯз рӯшан нест. Дар ҳоле ки Тоҷикистон то кунун бозори коғазҳои қимматнок надорад.

Мавзӯи дигаре, ки дар матбуоти Тоҷикистон рӯз то рӯз “доғтар” мешавад, омодагирии аҳзоб ба интихоботи соли ояндаи порлумонист. Ҳафтаномаи сиёсии “Фараж” ин навбат сӯҳбати Амир Қарокулов, раиси Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистонро нашр кардааст. Вай дар сӯҳбаташ ба нашрия иддаои баъзе аз соҳибназаронро, ки онҳоро ҳизби дастпарвари ҳукумат медонистанд, рад кардааст. Вай гуфтааст, ки онҳо ҳизби кисагӣ нестанд ва ин ишораҳо ҳақиқат надоранд.

Ба баррасии ин масъала нашрияи “Ҷомеа” ҳам пардохтааст. Иброҳим Усмон, профессори тоҷик, дар як мақола ҳизбҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва аграрии Тоҷикистонро “аҳзоби ноаёни муваффақ” номидааст. Оқои Усмон гуфтааст, ки дар ҳаёти сиёсии Душанбе ин ду ҳизби тозатаъсис нақше надоранд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ин ду ҳизб ҳамчун ба “бозича” нахоҳад нигарист.

Раҳматулло Зоиров, раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон, яке дигар аз қаҳрамонҳои ин ҳафтаи матбуоти Тоҷикистон аст. Нашрияи “Пайкон” ин ҳафта дар ду саҳифа сӯҳбати ихтисосии ӯро нашр кардааст. Оқои Зоиров дар ин сӯҳбаташ аз фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, ки ахиран раисҷумҳур ва намояндагони аҳзобу созмонҳои ҷамъиятиро, ба истиснои ҳизби сотсиал-демократ, гирди ҳам овард, танқид кардааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, интизор дорад дар интихоботи моҳи феврал аъзои ҳизбаш дар порлумон соҳиби се курсӣ хоҳанд шуд.

“Нигоҳ” бошад, ин ҳафта руйхати муваффақ ва номуваффақҳои раҳбарони шаҳру навоҳии Тоҷикистонро нашр кардааст. Дар саҳифаи аввали ин нашрия акси даҳ раиси шаҳру навоҳии мухталифи кишварро дидан мумкин аст, ки ба навиштаи нашрия, коршиносон ояндадории онҳоро таҳти суол бурдаанд. Ба ин руйхат раисони навоҳии Ашту Мастчоҳ, Фархору Хуросон ва Спитамену дигарон шомиланд. Аммо Маҳмадсаид Убайдуллоев ба унвони шаҳрдори Душанбе барои ояндадории сиёсӣ баҳои мусбат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG