Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қимати нафт дар бозорҳо поён меравад


Қиммати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шаш рӯз боз аст, ки поён меравад ва дирӯз то ба ҳадде расид, ки тайи ду моҳи ахир мушоҳида нашудааст. Рӯзи чаҳоршанбе ҳар бӯшка нафт дар бозори Ню Йорк 70 доллару 67 сент ба фурӯш рафт, ки тақрибан ду доллар камтар аз рӯзи сешанбе аст. Қиммати нафт баъди он поён омад, ки ҳукумати Амрико эълом кард, захираҳои нафти полоишшудааш назар ба ончӣ ки интизор мерафт, бештар боқӣ мондааст. Захираи зиёди нафт, баёнгари тақозои кам ба сӯзишворӣ дар Амрико аст, ки барои раҳо шудан аз рукуди бадтарини иқтисодӣ даступо мезанад.
XS
SM
MD
LG