Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти панҷ ҷавони амрикоӣ дар Покистон


Дар Покистон панҷ ҷавони амрикоиро боздошт кардаанд ва мақомоти расмӣ мегӯянд, ба таҳқиқи он пардохтаанд, ки мабодо ин ҷавонон бо гурӯҳҳои муташаккили терористӣ иртибот надошта бошанд. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки ин донишҷӯёнро ки 20-сола ҳастанд, ҳамин ҳафта дар амалиёте дар маҳалли Сарғода, воқеъ дар вилояти Панҷоб боздошт карданд. Эф Би Ай - Идораи федероли тафтишотии Амрико, мегӯяд, бо маъмурони Покистон иртибот гирифтааст, то ҳадафи сафари он ҷавонон ба Покистонро мушаххас намояд. Ҳамаи панҷ нафар, аз хонаводаҳои сокини Вирҷинияи шимолӣ, наздик ба шаҳри Вашингтон будаанд. Раҳбарони ду гурӯҳи исломии Амрико мегӯянд, аъзои хонаводаи ин панҷ ҷавон аз онҳо кӯмак хостаанд, то дар пайдо кардани фарзандонашон, ки охири моҳи ноябр бенишон шудаанд, мусоидат намоянд. Мақомоти ин гурӯҳ гуфтаанд, ки хонаводаҳо, як навори видеоиро ёфтаанд, ки дар он яке аз ҷавонон зоҳиран “алвидоъ” мегуфтааст.
XS
SM
MD
LG