Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти изтирории порлумони Ироқ


Як рӯз баъд аз бомбгузориҳои хунин дар шаҳри Бағдод Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири Ироқ аз мардуми кишвараш хост, “сабур“ ва дар канори нерӯҳои амниятӣ бошанд. Дар бомбгузориҳои ҳамоҳангшудаи рӯзи сешанбе дар шаҳри Бағдод дасти кам 127 нафар ҳалок шуданд. Нурӣ Ал-Моликӣ ва мақомоти баландпояи амниятиаш барои роҳ додан ба чунин бомбгузориҳо, танқиди зиёде шуниданд. Ва дирӯз, нахуствазири Ироқ раҳбари нерӯҳои амниятии шаҳри Бағдодро аз мақомаш сабукдӯш кардааст. Вакилони порлумони Ироқ аз мақомоти олирутбаи амниятӣ хостаанд, дар як ҷаласаи изтирории порлумон ба суолҳои онҳо доир ба бомбгузориҳо посух бигӯянд. Нурӣ Ал-Моликӣ ҳам дар ҷаласаи имрӯза ширкат хоҳад дошт. Як ҳалқаи Ал-Қоида дар Ироқ маъсулияти ин бомбгузориҳои хунинро бар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG