Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи воридоти мошинҳои кӯҳна ба Туркманистон


Ҳукумати Туркманистон амр додааст, аз соли оянда мошинҳои сабукрав ва боркаши истеҳсоли то соли 2000-умро ба ин кишвар ворид накунанд. Дар қарори ҳукумат омадааст, сар аз якуми январи соли 2010, воридоти мошинҳои тавлиди то соли 2000-ум мамнӯъ аст. Мошинҳои кӯҳнае, ки то соли оянда ба Туркманистон ворид хоҳанд шуд, бидуни маҳдудият мавриди истифода қарор мегиранд. Туркманистон мошинҳои сабукравро асосан аз Олмон ва Имороти Муттаҳидаи Араб ворид мекунад. Мамнӯъ кардани воридоти мошинҳои қадима ба Туркманистон метавонад, дасти афроди камбизоат аз харидани мошин кӯтаҳ кунад.
XS
SM
MD
LG