Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби маҳдуди маҳбусони собиқ


Вазорати ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тибқи барномаи давлатии бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, маҳбусони ба тозагӣ озодшударо низ бо шуғл ҷалб кунад.

Муллониёз Қурбонов, сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолии вазорати мазкур дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин тадбир дар сурате амалӣ мегардад, ки агар ҳар як маҳбуси озодшуда дар маҳалли зисти худ ба марказҳои шуғли аҳолӣ муроҷиат кунад.

Ва дар асоси муроҷиати маҳбусон онҳо бояд бо ҷойи кор таъмин шаванд. Вай мегӯяд: «Маҳбусон танҳо дар асоси дархост ба марказҳои шуғл бо кор таъмин мешаванд. Ба касбомӯзӣ ҷалб мешаванд».
Эҳтимол аст, ки ягон корхона моро бо диплом ва бо ин делои сиёҳ бо кор таъмин накунад. Пас, агар нашавад, ба Русия, ба муҳоҷират меравем...

Ба гуфтаи Муллониёз Қурбонов, маҳбусон ҳақ доранд, ки дар ташкилоту корхонаҳои мухталиф бо хоҳиши хеш ва аз рӯи ихтисос кор кунанд. Ва ҳар як корхона дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон бояд 5 дарсади ҷойҳои кориро барои шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, холӣ нигоҳ дорад.

Аммо Некрӯз Аҳмадов, маҳбусе, ки ба тозагӣ аз зиндон озод шудааст, мегӯяд 15 рӯз боз ба чанд корхона ба хотири ҷойи кор муроҷиат кардааст, вале ба далели доғи додгоҳӣ доштанаш ӯро ба кор қабул намекунанд.

Некрӯз мегӯяд, агар дар ватан ҷойи кор пайдо карда натавонад, маҷбур мешавад, роҳи муҳоҷиратро пеш бигирад: «Эҳтимол аст, ки ягон корхона моро бо диплом ва бо ин делои сиёҳ бо кор таъмин накунад. Пас, агар нашавад, ба Русия, ба муҳоҷират меравем."

Қироншоҳи Шарифзода, роҳбари яке аз созмонҳои ҷамъиятӣ, мегӯяд, ки беҳтар он аст, мақомот дар марҳилаи аввал як барномаи беҳдоштиро барои зиндониёни собиқ таҳия мекарданд, ки ташхиси вазъи сиҳҳатии маҳбусони афвшуда ва онҳоро аз лиҳози равонӣ барои зиндагии пас аз зиндон омода мекард. Зеро, ба гуфти ӯ, "якуякбора ба ҷойи кор таъмин намудани маҳбусон, чандон кори осон нест. Ва дигар ин ки он маоши каме ки дар корхонаҳои Тоҷикистон дода мешавад, талаботи иҷтимоии маҳбусонро бароварда гардонда наметавонад. Ва онҳо маҷбуранд, роҳҳои дигари таъминоти иқтисодии хешро ҷустуҷӯ кунанд ва ё дубора рӯ ба аъмоли ҷиноӣ биоранд."

Шарифзода афзуд: «Агар Вазорати ҳифзи иҷтимои , ё ниҳоди дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз пайи иҷрои ин кор мешуданд, хуб мебуд. Ба назарам, ин аҳамияти бештари иҷтимоӣ пайдо мекард. Ва барои он нафарони ранҷдида, ки ҷазо ҳам диданд ва имрӯз дар қатори шаҳрвандони муқаррарӣ ҳастанд, кӯмаку дастгирӣ мешуд.»

Қонуни афве, ки моҳи гузашта ба шарафи 15-солагии тасвиби Сарқонуни Тоҷикистон ва Соли Имоми Аъзам эълон шуд, ба сарнавишти тақрибан 10 000 нафар рабт мегирад ва аз ҷумла раҳоии беш аз 3000 нафарро аз маҳбасҳо дар назар дорад.

Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки то ҳол омори дақиқи маҳбусони озодшударо дар даст надорад. Ва ягона роҳи ҳамоҳангии барномаҳояш бо маҳбусон муроҷиати худи маҳбусон дар маҳалҳо бо марказҳои шуғли аҳолӣ мебошад.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, барномаи вижаи Вазорати шуғли аҳолӣ дар баробари бо ҷойи кор таъмин кардани маҳбусони афвшуда ироаи кӯмакпулиҳои якдафъаина ва қарзҳои хурд барои ин тоифаро низ дар бар мегирад. Қарзҳое, ки ба маҳбусони собиқ заминаи машғул шудан ба тиҷорат ва соҳибкории хурду миёнаро муҳайё кунад.

Вале бисёре аз маҳбусони озодшуда мегӯянд, дар роҳи пайдо кардани шуғли оянда бештар ба кӯмаки хешовандони худ ва ё ба эҳтимоли муҳоҷират ба хориҷ ва умдатан ба Русия ҳисоб мекунанд, то ба ёрии давлат.
XS
SM
MD
LG