Пайвандҳои дастрасӣ

Омӯзгори қазоқ бо рӯсарӣ ба дарс роҳ дода нашуд


Дар шаҳри Талдиқурғони Қазоқистон дар як донишгоҳи таҳсилоти олӣ Айда Декебоева-омӯзгори фани ҷуғрофия бо рӯсарӣ ба дарсхона роҳ дода нашуд. Вай гуфтааст, раҳбарияти донишгоҳ "пешниҳод кардааст", ки вай дар дарсҳо рӯсарӣ нагирад. Ба гуфтаи Декебоева, қонун гирифтани рӯсариро ҳам барои занони омӯзгор ва ҳам барои духтарони донишҷӯ дар дарсҳо мамнӯъ кардааст. Аммо Алия Қосимхон Қизи-фаъоли маҳалии ҳуқуқи башар мегӯяд, Қонуни Асосӣ аз ҳуқуқи ҳар шаҳрванд барои адои фароизи мазҳабӣ ҳимоят мекунад ва мактаб бояд ба ҳуқуқи Декебоева дар пӯшидани либос эҳтиром гузорад.
XS
SM
MD
LG