Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Ироқ аз мардумаш "сабурӣ" хост


Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ аз мардуми кишвараш "сабурӣ" хостааст ва аз онҳо даъват кардааст, ки дар паҳлӯи нируҳои амниятии худ биистанд. Як рӯзи пеш дар натиҷаи як силсила бамгузориҳои ҳамоҳангшуда дар Бағдод 127 нафар ба қатл расид. Ин даъвати Моликӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ба сӯи вай ва мақомоти амниятии вай баъд аз бамгузориҳои мазкур тирандозӣ сурат гирифтааст. Онҳо барои ин бамгузориҳо Ал Қоидаро масъул медонанд. Намояндагони порламони Ироқ аз мақомоти баландпояи амниятии кишварашон хостаанд, ки рӯзи панҷшанбе ба иҷлоси порламон ҳозир шаванд ва ба суолҳо дар бораи чигунагии роҳ ёфтани бамгузорон ба холигоҳҳои амниятии Ироқ посух диҳанд.
XS
SM
MD
LG