Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин додгоҳи ҳакамии иқтисодии Суғд дар назди Палатаи савдо ва саноати вилоят дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ ба фаъолият кард.

Ба гуфтаи Эҷод Абдуҷалилов, яке аз ҳакамони додгоҳи мазкур, ин ниҳоди ҷамъиятӣ аз додгоҳҳои иқтисодии давлатӣ умдатан бо он фарқ мекунад, ки баҳсу низоъҳои миёни шаҳрвандон, соҳибкорон, ташкилотҳо ва корхонаву муассисаҳоро бо тартиби содда, дар муҳлати кӯтоҳ, дар як зина ва муҳимаш – то ҳадди имкон бар нафъи ҳар ду ҷониб хотима мегузорад. Вай афзуд, Асноди мурофиаи шаҳрвандӣ муҳлати баррасии баҳсҳоро дар додгоҳҳои давлатӣ то се моҳ таъин кардааст, дар додгоҳи ҳакамӣ ин муҳлат то ду моҳ муайян шудааст, вале дар бисёр маворид баҳсҳо таъилӣ ва саривақт ҳал карда мешавад. Ба гуфтаи вай, додгоҳи мазкур иборат аз панҷ ҳакам фаъолият мебарад ва муроҷиати даъвогарон ба он ихтиёрӣ сурат мегирад. Ҳакам низ барои ҳалли баҳс бо хоҳиши ҷонибҳои даъвогар интихоб карда мешавад. Хидматонаи додгоҳи ҳакамӣ 2 дарсад аз маблағи ҳаҷми моликияти мавриди баҳс муқаррар шудааст ва барои афроди имтиёзнок - ними он.

Тайи ду даҳсолаи ахир, бо сари кор омадани муомилаҳои нави тиҷоративу соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар вилояти Суғд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ як минтақаи нисбатан рушдёфтаи кишвар маҳсуб меёбад, баҳсу даъвиҳои моливу пулӣ миёни афроди ҷудогона ва хоҷагиву корхонаҳо рӯ ба афзоиш доштааст. Додгоҳи иқтисодии Суғд мегӯяд, дар нӯҳ моҳи аввали соли равон беш аз 1200 аризаи даъвоӣ аз корхонаву муассисаҳо ва ташкилоту соҳибкорон қабул карда, натавонистааст дар мӯҳлати таъингашта ба ҳалли беш аз 300 адади он расидагӣ кунад.

Дар чунин вазъ бархе аз коршиносон таъсиси додгоҳҳои ҳакамиро барои дастёбии зудтар ба ҳалли баҳсҳову низоъҳои иқтисодӣ муҳим ва ҷавобгӯи талаботи замон меҳисобанд. Вале иддае дигар аз онҳо муассирии фаъолияти ин ниҳодҳои ҷамъиятиро зери шубҳа мегузоранд. Алии Бозравӣ, як вакили дифоъ аз Хуҷанд, мегӯяд, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муомилаҳои иқтисодӣ дар сатҳи поин қарор дорад, монеъ мешавад бо ризояти тарафайн ба ҷиҳати ҳалли даъвои худ ҳаками ҷамъиятиро ба доварӣ гиранд.

Аз сӯи дигар, қонунҳои Тоҷикистон тасдиқ шудани ҳалномаи додгоҳи ҳакамиро аз ҷониби додгоҳи давлатии иқтисодӣ талаб мекунад, ки ин ҳам, аз нигоҳи мусоҳибамон, таваҷҷӯҳи умумро ба додгоҳи ҷамъиятӣ мекоҳад. Бо ин вуҷуд, аз нигоҳи ин коршинос, фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ чун як ниҳоди алтернатив афродеро, ки аз расмиятҳо ва баррасиҳои беохири баҳсҳо дар додгоҳҳои давлатӣ хаста шудаанд, ба хотири ҳалли зудтари баҳсашон ба ин ниҳоди ҷамъиятӣ ҷалб хоҳад кард.

Дар вилояти Суғд нахустин додгоҳҳои ҳакамӣ се–чор сол пеш дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан, Панҷакент ва ноҳияҳои Айниву Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта буданд.
XS
SM
MD
LG