Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафтари Оҷонси зиддифасод боз шуд


Дар водии Рашт бахши минтақаии Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод бо марказаш дар Роғун таъсис ёфт.

Фаттоҳ Саидов, раиси ин ниҳод, гуфт, ин иқдом ба манзури решакан кардани мавориди фасод ва ришвахорӣ дар навоҳии ин минтақаи Тоҷикистон аст. Ҳамзамон, оқои Саидов гуфт, ошкор шудани мавориди фасод дар раванди корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун, ки аз бузургтарин иншооти стратегии давлат маҳсуб мешавад, аз сабабҳои аслии таъсиси бахши фасод дар минтақаи Рашт дониста мешавад.

Дар ҳоле ки Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар минтақаи шарқи кишвар тоза ба кор оғоз кардааст, Фаттоҳ Саидов мегӯяд, алдакай чанд мавриди даст доштани кормандони ин нерӯгоҳ ба фасод ошкор шудааст. Аммо ӯ аз ироаи иттилои бештар дар ин маврид ба далели халал ворид накардан ба тафтишот худдорӣ кард.

То оғози фаъолияти бахши Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар навоҳии минтақаи Рашт, бештар кормандони ин ниҳод ба таври сафари хидматӣ вазъро дар ин минтақа бозрасӣ мекарданд, ки ба гуфтаи онҳо ин мушкилоти зиёдеро дар кори онҳо ба бор меовард. Ҳамакнун, ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дафтари намояндагии ин ниҳод дар минтақаи Рашт дорои панҷ корманд ҳаст.
XS
SM
MD
LG