Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ва Русия дар бораи START ба тавофуқ расиданд


Дарёсолор Майк Муллен мегӯяд, Амрико ва Русия дар бораи аҳдномаи коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ё START ба тавофуқ расидаанд. Мӯҳлати ин аҳднома, ки соли 1991 имзо шуда буд, рӯзи ҷумъаи гузашта ба поён расид. Майк Муллен-раиси ситоди муштараки нируҳои мусаллаҳи Амрико аз додани тавзеҳот дар бораи ҷузъиёти музокироти ҷонибҳо худдорӣ кард. Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия дар як нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, ки аҳдномаи ҷонибҳо ба зудӣ ба имзо мерасад. Вале вай дар бораи санаи имзо чизе нагуфт. Тибқи ин аҳднома бояд ҷонибҳо аслиҳаи ҳастаии худро чаҳоряк баробар кам кунад.
XS
SM
MD
LG