Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори маҳкумшудаи Кобул ба ҷои кориаш баргашт


Мирабдулаҳад Соҳибӣ-шаҳрдори Кобул, ки рӯзи душанбе барои ришвахорӣ ба 4 соли зиндон маҳкум шуд, ба дафтари кории худ баргаштааст ва кори худро идома медиҳад. Дирӯз вай ба баҳонаи таҷдиди назар дар парвандааш дар додгоҳи истинофӣ бо васиқа озод шуд. Дирӯз Соҳибӣ дар мусоҳибаи телефонӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки вай "бегуноҳ" аст ва парвандааш "сохта" мебошад. Муҳаммад Усмонӣ-мушовири раиси ҷумҳур дар умури мубориза бо ришвахорӣ аз раҳоии Соҳибӣ ҷонибдорӣ кардааст ва ба рӯзномангорон гуфтааст, ки "ҳама кор дар чаҳорчӯбаи қонун анҷом гирифтааст".
XS
SM
MD
LG