Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси кишвари Перми Русия аз мақомаш истеъфо дод


Пас аз фоҷеаи тарабхона ё клуби шабонаи "Хромая Лошад" дар шаҳри Перм, ки боиси куштори 123 нафар шуд, раҳбари минтақа ё кишвари Перм аз мақомаш истеъфо дод. Ин истеъфо баъд аз боздиди Влодимир Путин-нахуствазири Русия аз Перм сурат гирифт. Путин гуфт, ришвахориву бемасъулиятӣ сабаби ин фоҷеъа шудааст. Билофосила баъд аз боздиди Путин рӯзи сешанбе раиси идораи оташнишонии кишвари Перм ва чанд намояндаи мардумӣ аз мақомашон истеъфо доданд. Пулис соҳибони тарабхона ва созмондиҳандагони маҳфилро боздошт кардааст. Раҳматулло Мазориев-раиси ҷамъияти тоҷикони Перм ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин сӯхтор шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд.
XS
SM
MD
LG