Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс ба нерӯҳои НАТО гуфт, комёбӣ наздик аст


Имрӯз Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико дар идомаи боздидаш аз Афғонистон дар Кобул аз ситоди фармондеҳии нируҳои НАТО боздид кард. Вай бо афсарон дар бораи мавҷи тозаи вуруди нерӯҳо барои ширкат дар ҷанги 8-солаи зидди Толибон сӯҳбат кард. Баъд аз судури дастури Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар бораи фиристодани 30 000 сарбози изофӣ ба Афғонистон Роберт Гейтс болотарин мақоми Амрикост, ки аз Афғонистон боздид мекунад. Дар ҷараёни боздид аз ситоди НАТО ва нерӯҳои байналмиллалии кӯмаки амниятӣ Роберт Гейтс гуфт, ҳамкории беҳтари муттаҳидон ва стратегияи нави Амрико дар Афғонистон имкон медиҳад, ки заминаҳои комёбӣ фароҳам ояд.
XS
SM
MD
LG