Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна ман "зукоми хук" шудам


Зуком шудаам! Зукоми инсонӣ, зукоми мурғӣ, зукоми хукӣ ё ким кадом ҳайвони номаълум, намедонам. Ҳамсари пизишкам сахт нигарон аст ва тақозо мекунад, то фавран худро ташхис кунам, ки “худое накарда...” Аммо барои муайян кардани беморӣ ӯ ҳам намедонад, ки ба кадом беморхона ё ташхисгоҳ равам.

Кашфи теъдоде аз сироятёфтагон ба вирус ё ангали худ зукоми хук дар Тоҷикистон ба айёме рост омад, ки маъмулан шаҳрвандони кишвар ба зукоми оддӣ гирифтор мешаванд.

Шояд ҳамин аст, ки имрӯз нафари огоҳ аз хатарнок будани бемории мазкур бо андак “шамол хӯрдан” барои муайян кардан, ки ба кадом навъи зуком гирифтор шудааст, рӯ ба беморхона меорад, зеро ба гуфтаи пизишкон зукоми хук аз зукоми оддӣ зиёд тафовут надорад. Бад ин андеша банда барои муайян намудани бемории худ дари чанд беморхонаи шаҳри Кӯлобро кӯфтам.

Мутаасифона, дар чаҳор-панҷ беморхона ба суоли ман, ки дар куҷо бояд барои муайян кардани зукоми хук маводи ташхис супурд, касе посух гуфта натавонист. Танҳо дар идораи вогиршиносии минтақа бароям “дақиқ” карданд, ки ин гуна ташхисро дар беморхонаи минтақавии бемориҳои сироятӣ анҷом хоҳанд дод.

Чун вориди беморхонаи мазкур гардидам, ба утоқе роҳ нишонам доданд, ки ду пизишк саргармӣ бозии “шоҳмот” ҳастанд. Вақте эшон аз асли муроҷиат хабар ёфтанд, изҳор доштанд, ки воқеан нафаре ин ҷо барои муайян кардани зуком навъи ҒҒҒҒ масъул аст, аммо мутаасифона барои муддати номуайян сари кор намешавад.

Бар рағми гуфтаҳои боло ё шояд “бахт ба рӯям хандид”, ки ба ногоҳ он масъул худ пайдо шуд, вале пас аз каме андеша иброз дошт, ки абзори лозим барои чунин ташхисро надорад ва болои ин барои онҳо ягон навъи доруи муқобили ин вирус низ надодаанд.

Пас аз ин ду тан пизишке, ки нахуст муроҷиат намуда будам, хостанд, то бо роҳи пурсиш бемории маро муайян кунанд. Вақте, ки ба суолҳои онҳо барқасдона посух медодам, эшон осемасар ниқобҳои зиддисироятиро ба рӯй кашиданд. Акнун “яқин шуд”, ки нафари муоинакунандаи онҳо “зукоми хук” дорад.

Сари масъалаи бистарӣ шудан баҳс сурат гирифт. Яке мегуфт, ки биё бистариаш кунем, вале дигаре инро қатъиян рад карда мегуфт, ки агар бистариаш ҳам кунем аз сабаби набудани дорӯҳои зиддизукомӣ бефоида аст. Шояд бечораҳоливу дилмондагии зоҳирӣ буд, ки нафаре аз ин масъул хост, то ҳаде бошад ҳам бароям кӯмак намояд. Ӯ бароям доруе бо номи душваорталлафузу душворфаҳм дод, ки ба қавли худаш, барои табобати зукоми мурғ пешбинӣ шудааст ва то ҷое метавонад, сирояти зукоми хукро низ коҳиш диҳад.

Чун дармони тавсияшудаи пизишк, ки аз ҷониби созмонҳои мададрасон кӯмак шудааст, онро ба даст гирифта, берун мешудам, ки сардухтури беморхона Эмомалӣ Бобохонов онро дида, ҷанҷол сар кард. Пизишки “раҳмдил” барои “бе ҳеҷ чизу бе иҷозаи ӯ” (ибораи сардухтур) додани доруи қимат сарзаниш шуд.

Аз беморхона берун шудам. Дақиқтараш пизишкони беморхонаи сироятӣ дар минтақаи Кӯлоб як нафар “сироятшудаи вируси зукоми хукӣ”-ро ба миёни омма раҳо карданд.

Духтарчаи хурдсоли дӯстам замони меҳмонӣ ниқоби зиддисироятӣ ё ба ибораи маъмул “маска”-ро дар рӯям дида бо кунҷковии кӯдакона аз чӣ будани он суол мекунад. Бо лаҳни соддаи кӯдакӣ барояш мефаҳмонам, ки ин барои сироят нагардидан ба зукоми хук аст ва ин зукомро агар сари вақт табобат накунанд, имкони ҳалок гардонидани инсонҳоро дорад.

Каме баъд дар пеши назар духтарчаи чаҳорунимсола аз миёни бозичаҳояш хукро дар ҳандақи ҳавлӣ ҳаво медиҳад. Бо падараш барои чунин рафтори кӯдак механдем. Аммо замони хайрбод ин кӯдак илтиҷоомез нидоям мекунад: “Амакӣ, хугҷона бгӯ Кӯлоб наёя...!”

Аз ин нидои кӯдак дар таҳайюр мемонам. Наход кӯдаке, ки ба якбор фаҳмондан хатарнокии ин бемориро дарк карда тавонаду масъулони соҳаи тандурустии кишвар бо ҳама тарғибу ташвиқ ва бонги изтироби расонаҳои ҳамагонӣ ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба аҳамияти пешгирии он сарфаҳм нараванд. Зеро агар мисли ин кӯдак ба масъала сарфаҳм мерафтанд, шояд воксин ва дигар доруворро ба беморхонаҳои кишвар ворид мекарданд. Ё шояд мо хато фаҳмидаем ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамаро дарк кардаасту мавриди дигарро интизор аст?

Дар ҳамин андешаам, ки хабари фавти як зан бо иллати номаълум ва эҳтимоли қавитар бо бемории зукоми хук аз Суғд мерасад. Ба ногоҳ дар хотирам ибораи духтарча такрор мешавад: “Хукҷон”, Кӯлоб наё, зеро дар ин шаҳр дастаҷамъӣ сар аз пизишкон то оддитарин сокин аз ту “пуштибонӣ” хоҳанд кард.

Ва худоё, мардуми кишварро аз вабо нигаҳ дор, зеро замони вуқӯъ, чунин воқеа илоҷи гарон дорад.
XS
SM
MD
LG