Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон Тоҷикистонро ба Иттиҳоди Гумрукӣ мехонад


Абуталил Аҳмедов-сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш аз Тоҷикистон даъват кардааст, ки ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ дарояд. Дар ин иттиҳод Қазоқистон ва Русияву Белорус узвият доранд. Тибқи муқаррароти Иттиҳоди гумрукӣ, дар сурати даромадан ба узвияти иттиҳоди мазкур монеъҳои гумрукии байни кишварҳои узв аз миён меравад. Фаъолияти иттиҳоди мазкур моҳи январи соли 2010 оғоз мешавад ва аз 1-ӯми июли соли 2010 тарифҳои воҳиди гумрукӣ муаррефӣ мешавад. Қирғизистон низ барои даромадан ба узвияти ин иттиҳод изҳори омодагӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG