Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд корхонаи мошини "Зил" боз мешавад


Тибқи хабари матбуоти Русия, корхонаи тавлиди автобусҳои шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва ширкати мошинсозии "Урал"-и Русия тасмим гирифтаанд, ки дар Хуҷанд ба тавлиди мошинҳои борбар шуруъ кунанд. Бахтиёр Ашӯров-раиси корхонаи тавлиди автобусҳои Хуҷанд гуфтааст, ҳоло мошинҳои борбари "Зил" яке аз воситаҳои зарурӣ дар бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва шароити истифодаву хадамоти техникии он дар Тоҷикистон фароҳам аст. Тибқи тавофуқот, дар корхонаи Хуҷанд ҳамчунин бахши таъмир боз мешавад ва автомобилҳои аз корафтодаи "Зил" метавонанд дар он ҷо таъмир шаванд.
XS
SM
MD
LG