Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

56 тундрав дар Душанбе муҳокима мешаванд


Дар шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии 56 нафари муттаҳам ба узвият дар созмони ғайриқонунии "Ҷамоати Таълиғ" идома дорад. Ҳамаи онҳо барои таблиғ бар зидди ҳукумати қонунии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон соли 2006 "Ҷамоати Таълиғ"-ро дар қаламрави ин кишвар созмони тундрави мазҳабӣ эълон кард. Додгоҳи ин 56 нафар паси дарҳои баста дар яке аз зиндонҳои Душанбе ҷараён дорад ва расонаҳои хабарӣ ё хешовандони онҳоро аз ширкат дар он маҳрум кардаанд. Шералӣ Шарипов-корманди дафтари матбуотии Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба матбуот гуфтааст, ин 56 нафар ҳамчунин дар ташкили гуруҳҳои мамнуъи мазҳабӣ даст доштаанд. Ҷонибдорони "Ҷамоати Таълиғ" дар Покистону Ҳиндустон ва Индонезия таълим мегиранд.
XS
SM
MD
LG