Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Рӯзи байнулмилалии мубориза бо коррупсия (9-уми декабр) дар шаҳри Душанбе ҳамоише дар мавриди фасод ва ришва дар Тоҷикистон идома дорад.

Ин ҳамоиш аз ҷониби як созмони ҷамъиятӣ бо номи Маркази зиддифасоди огоҳӣ ва тарғиб доир мешавад ва дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумла аз дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ, Кумитаи амният, Вазорати корҳои дохилӣ, Додситонии кулл, Оҷонсии зидди фасод, порлумони кишвар ва созмонҳои байнулмилалӣ иштирок доранд. Маркази мазкур тобистони ҳамин сол таъсис ёфта буд.

Коршиносон дар ин ҳамоиш равандҳои асосӣ ва таҷрибаи замонавии мубориза бо ин падидаро таҳлил мекунанд ва ҳамчунин бо стратегияи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ва роҳҳои амалӣ кардани он шинос мешаванд.

Агарчӣ Тоҷикистон ба Эъломияи байналмилалии мубориза алайҳи коррупсия пайвастааст, аммо созмонҳои байналмилалӣ талошҳои ҳукумат барои мубориза бо ин зуҳуротро дар Тоҷикистон нокофӣ медонанд. Созмони шаффофияти байналмилалӣ, (Transparency International) ахиран гуфта буд, коррупсия дар Тоҷикистон дар соли равон афзоиш ёфтааст.

Аммо давлати Тоҷикистон мегӯяд, тамоми талошашро барои мубориза бо фасод ба харҷ медиҳад. Тоҷикистон дар чанд соли пеш як ниҳоди вижа ҷиҳати мубориза бо фасодро таъсис дода буд ва ахиран раиси он Фаттоҳ Саидов меҳмони гуфтугӯи он-лайн бо хонандагони сомонаи Озодӣ шуда буд ва дар он дар бораи вазъи феълии фасод дар кишвар ва натиҷаҳои мубориза бо он посухҳо дода буд.

Дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия Пан Ги Мун, дабири кулли Созмони милал дар паёме аз ҳамаи мардуми ҷаҳон даъват кард, то «пора надиҳанд ва пора нагиранд.»

Дабири кулли СММ дар паёмаш гуфтааст, танҳо бо натиҷаҳои комгори мубориза бо фасод метавон ба аҳдофи Барномаи Ҳазорсола расид. Дар чаҳорчӯби ин барнома дар назар аст, сатҳи зиндагӣ дар кишварҳои фақир боло биравад, дастрасӣ ба ғизо ва об, ба дониш ва ба ҳуқуқ бештар бигардад. Пан Ги Мун коррупсияро яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи беҳбуд ёфтани зиндагӣ дар ҷаҳон номидааст. Ӯ гуфтааст, «дуздии моликияти ҷамъиятӣ сабаби сохтмони камтари мактабҳо, бемористонҳо роҳҳо ва муҷтамаъҳои обрасонӣ мегардад. Вақте маблағҳои бо ин аҳдоф тахсисишуда ба ҳисобҳои шахсиӣ дар бонкҳо мунтақил мегардад, тарҳҳои бузург аз кор мемонанд.»

Дабири куллии СММ гуфтааст, фасод ҳамчунин ба тақаллуб дар интихобот меорад, қонуниятро мешиканад ва амниятро халалдор месозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG