Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асоси оморҳои гуногун, дар зарфи панҷ соли фаъолияти порлумони ҳирфаии Тоҷикистон дастикам аз се як ҳиссаи аъзои Маҷлиси намояндагон тарки курсиҳои вакилӣ карда, бо фармонҳои президент ё қарори ҳукумат ба мақомҳои дигари ҳокимияти иҷроия таъин шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин ҳама гувоҳӣ медиҳад, ки порлумони Тоҷикистон агар аз як сӯ ба истилоҳ, ба мавзеъи суқути сиёсатмадорони “нолозим” табдил ёфта бошад, аз ҷониби дигар, манбаъи захираи кадрҳо барои ҳукумат ва “зинаи ҷаҳиш” барои иддае аз вакилон маҳсуб мегардад.

Агар танҳо аз вилояти Хатлон мисол бигирем, шумори қобили мулоҳизаи вакилони парлумон аз ин вилоят курсиҳои худро ба мансабҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла ба симати раиси вилояти Хатлон, раисони ноҳияҳо, муовини раиси Хатлон, ректори донишгоҳ иваз карда, гурӯҳи дигар баръакс аз вазифаҳои ба қавле “равғанӣ”-и муовини додситони минтақа, раиси мақомоти адлия, сафири кишвар дар Русия ба парлумон фиристода шуданд.

Шерхон Салимов то замони раиси Ожонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод таъин шудан вакили парлумон буд. Сафар Сафаров, сафири Тоҷикистон дар Русия, ҷойи худро бо Абдумаҷид Достиев, муовини раиси Маҷлиси намояндагон иваз кард. Асомуддин Саидов аз порлумон ба сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон рафт. Гулчеҳра Бозорова , вакили дигар, ҳоло муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорат таъин шуд ва ғ.

Вакили парлумони Тоҷикистон ҳарчанд маоши баланди наздик ба ҳазор доллар дорад, ба ҳисоби миёна, аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст, дар хонаҳои барҳаво дар маркази пойтахт зиндагӣ мекунад, ҳуқуқи гирифтани қитъаи замин дорад, аммо бо таъин шуданаш ба ин ё он мақоми ҳокимияти давлатӣ бидуни андешаи зиёд ва истиҳола тарки парлумон мекунад. То ин замон ягон вакили тоҷик аз кор дар ҳокимияти иҷроия даст накашидааст, ҳарчанд маоши ходими давлатӣ чанд баробар камтар аз ҳақмузди вакили парлумон мебошад.

Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии “Рушд”, мегӯяд, расидан ба қудрат ва иштироки мустақим дар қабули қарорҳо яке аз
Ҳатто дар сатҳи як ноҳия ҳам соҳибқудрат будан нисбат ба вакили парлумон будан, дар шароити феълии Тоҷикистон, ба як сиёсатмадор имкони бештар медиҳад, ки дар қабули қарор ширкат варзад.
ҳадафҳои асосии вакилони парлумон аст, ки аз таъин шуданашон ба ин ё он мансаб бо хушӣ истиқбол мекунанд. Аммо ин рӯшантарин сабаб набудааст:
“Ба ҳар ҳол, ҳатто дар сатҳи як ноҳия ҳам соҳибқудрат будан нисбат ба вакили парлумон будан, дар шароити феълии Тоҷикистон, ба як сиёсатмадор имкони бештар медиҳад, ки дар қабули қарор ширкат варзад. Вакили парлумон, ки ба мисли ҳамтои ғарбии худ, дар пешбарии сиёсат таъсири аниқ расонида наметавонад, аз ин рӯ, вакил будан чандон кори бошараф ҳисобида намешавад ва на ҳама кӯшиш мекунанд, ки вакили парлумон бошанд. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз фасод решакан нашудааст, ҳамин ғаразҳои шахсӣ бештар боло мегиранд ва баъзе афрод ба хотири дарёфти даромади бештари расмӣ ё ғайрирасмӣ ба вазифаҳои давлатӣ мераванд…”

Ю. Маҳмадов меафзояд, парлумон ба як ниҳоде монанд шудааст, ки аз он ба ҳайси чарх истифода мекунанд, яъне, тавассути ин ниҳоди қонунгузор як гурӯҳи муайяни мансабдорон мақомҳои худро иваз мекунанд, иддае ба парлумон меоянд ва аз ин ҷо мераванд ба ҳокимияти иҷроия, то нафари дигаре аз ҳокимияти иҷроия ба Маҷлиси намояндагон биёяд.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгари масоили сиёсӣ ва раҳбари собиқи яке аз созмонҳои Ҳизби ҳокими Халқии демократӣ, ки худро Ромиш Искандар муаррифӣ кард, мегӯяд, парлумони феълии Тоҷикистон ба истилоҳи маъмули русӣ “штрафбат”-ро мемонад. Яъне, мансабдорони собиқе, ки дар умури ҳукуматдорӣ ба иштибоҳи сиёсӣ ё ғайр роҳ медиҳанд, ё солҳои тӯлонӣ кор кардаанду, бознишаста шудаанд ва вақти истеъфояшон омадааст, равонаи парлумон мешаванд.
“Вакилон 63 нафаранд, раҳбар нестанд ва корашон аз таҳия ва таҳрири қонунҳост. Аз таҷриба медонам, ки бисёре аз нафарони соҳибмақом вақте хабар ё пешниҳоди номзад ба вакилии парлумон шуданашонро мешуниданд, шод намешуданд ва мегуфтанд, ки корам, вазифаам бад нест ва ҳоло намехоҳам вакил бошам…”

Мусоҳиби мо меафзояд, яке аз сабабҳои аслии ба парлумон рафтани вакилони солманд талоши доштани нафақаи хуби бознишастагист. Агар ба ҳисоби миёна, вакили парлумон беш аз се ҳазор сомонӣ ҳақмузд дорад, пас аз рафтан ба нафақа, 90 дарсади маош, яъне, ҳудудан ду ҳазору 700 сомонӣ маоши бознишастагӣ хоҳад гирифт.

Бо ин ҳама, чунин ба назар мерасад, ки вакилони парлумон аз таъин шуданашон ба мақомҳои ҳокимияти иҷроия бо хушнудӣ истиқбол
Аз ҳеҷ имтиёзи вакилӣ истифода накардам, хона нагирифтам, ҳавлӣ нагирифтам, қитъаи замин нагирифтам мисли дигар вакилон, мошин ҳам нагирифтам. Ман дар хобгоҳе зиндагӣ мекардам.
мекунанд, ҳарчанд мансабҳои пешниҳодӣ дар муқоиса бо мақоми вакилии парлумон поинтар меистад. Яке аз чунин мисолҳои равшан Карим Қодиров – вакили собиқи Маҷлиси намояндагон аст. К. Қодиров пас аз чаҳор соли фаъолият дар ҳокимияти қонунгузор курсии худро бо курсии ректории донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон, иваз кард. Аз ин собиқ вакили парлумон пурсидам, ки оё аз мақоми имрӯзаи худ розӣ ҳаст ва аз нигоҳи вай кадоме аз ин ду мақом бештар пуршараф аст – вакилии парлумон ё ректории донишгоҳ? Карим Қодиров дар посух гуфт:
“Ҳам дар маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ҳам дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ҳар барномае, ки доштам, ба роҳандозиаш муваффақ шудам. Аммо кори парлумон бисёр масъулиятнок аст, довталабони курсиҳои парлумонӣ бояд инро содда нагиранд.
Беҳтар ин аст, ки дар парлумон ба кори таҳияи қонун машғул мешавад одам, ман дар чаҳор сол муаллифи се қонун будам. Аз ҳеҷ имтиёзи вакилӣ истифода накардам, хона нагирифтам, ҳавлӣ нагирифтам, қитъаи замин нагирифтам мисли дигар вакилон, мошин ҳам нагирифтам. Ман дар хобгоҳе зиндагӣ мекардам. Аз вазифаам сӯйистифода ҳам накарда будам…”


Профессор Карим Қодиров иқрор кард, ки дар пайи тарки парлумон ба қасди раёсати донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб вай бо интихобкунандаҳои худ мулоқоте анҷом надодааст. Аммо гуфт, агар дубора барои ширкат дар интихобот даъват шавад, бо майли тамом ин даъватро хоҳад пазируфт.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Маҳмадов, раиси созмони ҷамъиятии “Рушд”, мегӯяд, ин як одати ғайри қобили қабули вакилони парлумон аст, ки бо таъин шудан ба мақомҳои гуногуни ҳокимияти иҷроия аз мардуме, ки онҳоро вакили худ дар парлумон баргузидаанд, ҳатто рамзан ҳам иҷозаи аз парлумон рафтанро ба даст намеоранд:
“Барои ман ҳамин чиз ҳайратовар аст, ки вақте онҳоро мардум интихоб мекунанд ва вақте ки онҳоро президент ба вазифае таъин мекунад, онҳо ҳангоми тарки курсии вакилӣ ба худ салоҳ намедонанд, ки аз интихобкунандаи худ ташаккур кунанд ва бо онҳо вохӯранд, машварат кунанд, ҳарчанд онҳоро мардум намояндаи худ интихоб кардааст. Албатта барои дар курсии вакилӣ мондани онҳо мардум ва интихобкунанда чизе наметавонад бикунад ва худи барои худи вакилон ҳам муҳим манфиати онҳо нест, бештар моиланд, ки манофеъи худ ва мақомоти болоиро риоят кунанд…”

Вақте дар соли 2005 парлумони нав интихоб шуд ва ба кор шурӯъ кард, танҳо 12 вакил аз даъвати гузашта дубора вориди Маҷлиси намояндагон гардид. Боқӣ ҳама барои бори аввал вакили мардумӣ интихоб шуданд.Бо вуҷуди ин, бисёре аз вакилон ба ҳокимияти иҷроия рафтанд ва аз тариқи интихоботҳои миёнадаврӣ вакилони нав ба парлумони ҳирфаӣ роҳ ёфтанд.

Ва аммо бо чунин, ба истилоҳ, “додугирифтҳо”-и вакилон ҳирфаӣ, қавӣ ва муҳимтар аз ҳама – мустақил будани парлумон то куҷо воқеӣ ба назар мерасад, ин суоли баҳси дигар аст.
XS
SM
MD
LG