Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо даъвати гурӯҳе аз адибону хабарнигорони тоҷик аз онҳо хостааст, мардумро барои саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ташвиқ кунанд.

Сомонаи расмии президенти Тоҷикистон навиштааст, дар ин мулоқот масоили вобаста ба инъикоси мавзӯъҳои мубрами ҷомеа дар расонаҳо, аз ҷумла, вазъи энержии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳукумат дар роҳи истиқлоли энержӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ баррасӣ шуд.

Хабаргузории давлатии «Ховар» навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон аз адибон ва хабарнигорон даъват кардааст, то дар инъикоси ин аҳдофи
Вақте дар зимистони соли 2008 дар кишвар аз сабаби набуди барқ кӯдакони навтаваллуд даргузаштанд, ба ман хеле дардовар буд. Имрӯз тамоми Тоҷикистон аҳаммияти Роғунро барои худ дарк мекунад.
стратегии ҳукумат воқеъбин бошанд ва дар сатҳи баланди касбӣ матолиб ва барномаҳо омода бикунанд.

Ин сӯҳбат дар бинои Кумитаи ТВ ва радиои кишвар доир шуда ва беш аз чаҳор соат идома кардааст. Дар он хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ иштирок надоштанд. Хабаргузории «Азия-Плюс» нақли қавл аз президент Раҳмонро овардааст, ки «Ба ҳини сар задани мушкиле гузаштагони мо ҳамеша бо мардум машварат мекарданд ва ҳамроҳ роҳи ҳалро меёфтанд. Дар замоне, ки кишвар тӯли 18 соли истиқлоли худ гирифтори бӯҳрони энержист, ҳарфи шумо аҳаммияти хеле зиёд дорад.»

Президент гуфтааст, суханони ӯ дар мавриди «ояндаи равшани кишвар» аз ҷониби шуморе аз расонаҳои хориҷӣ дигаргуна таҳлил шудаанд. Президент гуфтааст, бо ибораи ояндаи рӯшан амнияти энержии кишварро дар назар дорад, на коммунизм ва сотсиализмро, тавре расонаҳои хориҷӣ шабоҳат овардаанд. Э. Раҳмон гуфтааст, «ба мо ҳеҷ ...изме лозим нест.»

Хабаргузории «Азия-Плюс» навиштааст, президенти Тоҷикистон дар ин дидор бо аҳли адаби Тоҷикистон гуфтааст, мушкили асосии Осиёи Марказӣ «монеъасозии сунъии баъзе кишварҳо дар роҳи гардиши озоди мол, мардум ва хадамот мебошад.»

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, «бунёди Роғун барои Тоҷикистон масъалаи ҳаёт ва марг аст. Ҳар зимистон, вақте бӯҳрони энержӣ дар
Дар баробари Роғун роҳҳо, биноҳои фарҳангӣ ва илмӣ ва дигар чизҳо низ сохта хоҳад шуд, аммо авлавият албатта барои Роғун хоҳад буд
кишвар оғоз мешавад, ман ҳамроҳ бо мардум азият мекашам. Вақте дар зимистони соли 2008 дар кишвар аз сабаби набуди барқ кӯдакони навзод даргузаштанд, ба ман хеле дардовар буд. Имрӯз тамоми Тоҷикистон аҳамияти Роғунро барои худ дарк мекунад.»


Вале дар ҳамин ҳол, президент гуфтааст, набояд чунин тасаввур ҳосил шавад, ки барои Тоҷикистон ҷузъ Роғун чизи дигаре лозим нест. Ӯ гуфтааст, дар баробари Роғун роҳҳо, биноҳои фарҳангӣ ва илмӣ ва дигар чизҳо низ сохта хоҳад шуд, аммо авлавият, албатта, барои Роғун хоҳад буд.

Ӯ гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон бидуни фурӯши саҳмияҳо ва ёрипулиҳо низ метавонад Роғунро бисозад, вале барои ин вақти бештар сарф хоҳад шуд. Президент Раҳмон гуфтааст, саҳмияҳои Роғун шурӯъ аз 6-уми январ ба муомилот бароварда хоҳад шуд, ва як рӯзи қаблаш раисҷумҳур бори дигар ба мардум муроҷиат хоҳад кард.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз масъулони давлатӣ даъват кард, то расонаҳоро ба ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ тақсим накунанд ва аз хабарнигорон даъват кард, то муттаҳид бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG