Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрди тазоҳургарони эронӣ бо ҳомиёни ҳукумат


Дар Теҳрон дирӯз тазоҳургарон бо тарафдорони ҳукумат бархӯрд карданд, бо вуҷуди он ки додситони кулли Эрон таҳдид кард, ки раҳбари мухолифонро ба додгоҳ мекашад. Хабаргузории расмии ИРНА, навиштааст, тазоҳургарон дар маҳалли ҳамоиши худ гирд омаданд, то алайҳи саркӯбии тазоҳуроти рӯзи душанбе эътироз кунанд. Ин тазоҳургарон аз натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳури Эрон дар моҳи июн эътироз мекарданд, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз эълом шуд. Ба гуфтаи оҷонсӣ, “гурӯҳи донишҷӯёни тарафдори ҳукумат” монеъи тазоҳургарон шуд, ки ин дар натиҷа то ба “шикастани шишаҳову партоби гази ашковар” расонд. Рӯзи душанбе тарафдорони мухолифини Эрон, яке аз бузургтарин намоишҳои эътирозии худро дар моҳҳои ахир баргузор карданд. Ба гуфтаи мақомоти пулиси Теҳрон дар намоиши рӯзи душанбе, 240 тазоҳургарро боздошт кардаанд ва баъди ибрози пушаймонӣ 84 нафарашон озод шуданд.
XS
SM
MD
LG