Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ҳукумати Тоҷикистон аз бекории ҷавонон


Эмин Сангинов – муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, бекорӣ дар миёни ҷавонон ҳамчунон мояи нигаронии ҷиддӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Зимни сӯҳбат дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар шаҳри Алмаато, Эмин Сангинов гуфтааст, ба ҳисоби расмӣ, тақрибан нисфи бекорони кишварро, ҷавонони аз 15 то 29 сола ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи вай, афзоиши чаҳордарсадии нерӯи корӣ дар зарфи 9 моҳи гузаштаи соли равон, фишорро ба бозори корӣ афзуда ва вазъи бекорӣ дар Тоҷикистонро бадтар кардааст. Бино ба омори расмӣ, дар Тоҷикистон тақрибан 50 ҳазор нафар бекоранд, агарчӣ омори ғайрирасмӣ дар кишвар садҳо ҳазор нафар ҷойи кори доимӣ надоранд ва ин аст, ки солона бештар аз ним миллион нафар барои пайдо кардани ҷойи кор ба Русия мераванд.
XS
SM
MD
LG