Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушбинии генерали ИМА аз комёбӣ дар Афғонистон


Як фармондеҳи олирутбаи амрикоӣ мегӯяд, афзоиши нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, ба нерӯҳои байналмилалӣ имкон хоҳад дод, то шӯришиён дар Афғонистонро ба ақибнишинӣ маҷбур ва дар ниҳоят Толибонро мағлуб кунанд. Генерал Стейнлӣ Маккристал ба дар ҳузури вакилони мардумии Амрико гуфт, “то тобистони соли 2011 ба мардуми Афғонистон рӯшан хоҳад шуд, ки ошӯбгарон пирӯз нахоҳанд шуд ва ба онҳо имкон хоҳад дод, то тарафи ҳукуматашонро бигиранд.” Фармондеҳи амрикоӣ гуфт, вай итминон дорад, ки дар Афғонистон ба муввақият ноил шудан мумкин аст, аммо ҳамзамон ба нерӯҳои эътилофӣ ҳушдор дод, ки онҳо ба “ошӯбгарони муқовим ва печидае” рӯ ба рӯ хоҳанд буд. Вай ҳамчунин гуфт, мардуми Афғонистон ба ҳукумати худ эътимод надоранд.
XS
SM
MD
LG