Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон барканор шуд


Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон Амонгелдӣ Шабдарбоев -раиси Кумитаи амнияти миллии кишварашро аз мақом барканор кард. Ин кор дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран миёни мақомоти нируҳои ҳомии қонун ва мақомоти амниятӣ моҷаро рух дод. Амонгелдӣ Шабдарбоев, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ ба ин мақом расида буд, акнун дар симати мушовири раиси ҷумҳур кор хоҳад кард. Раиси нави Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ҳоло таин нашудааст. Моҳи ҷорӣ кормандони додситонӣ чанд афсари Кумитаи амнияти миллии Қазоқистонро ба далели суистифода аз мақом ва боздошти кормандони пулис муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG