Пайвандҳои дастрасӣ

Олег Панфилов


Олег Панфилов шаҳрванди Тоҷикистон аст ва солҳои зиёд дар Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносии Фарҳангистони кишвар ва дар расонаҳои русзабони чопи Душанбе кор кардааст. Ӯ муаллифи чанд китоб, аз ҷумла дар бораи хабарнигорони дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қурбоншуда аст. Олег Панфилов аз соли 1993 дар Русия ба сар мебурд ва аз соли 1997 сарварии Маркази журналистикаи изтирориро бар ӯҳда дорад. Моҳҳои ахир муқими шаҳри Тифлис шудааст ва дар Донишгоҳи миллии ба номи Иля Чавчавадзе ба донишҷӯён аз илми хабарнигорӣ сабақ меомӯзонад. Ӯ ҳамчунин муаллифи як барномаи вижа дар телевизиони Гурҷистон аст, ки рӯи расму русум ва маросимҳои мардуми муқими кишвар ва дигар мамолик қисса мекунад. Дар Тифлис ҳамчунин ду сол боз ҷашне бо номи “Панфилоба” доир мешавад – он рӯз Олег Панфилов барои теъдоди бузурги меҳмонҳои ин ҷашн оши палави тоҷикӣ мепазад...
XS
SM
MD
LG