Пайвандҳои дастрасӣ

Наздик шудани интихоботи порлумонӣ дубора боиси авҷ гирифтани баҳсҳои дохилии аҳзоби чанддасташудаи Тоҷикистон мешавад.

КМИР ба ваҳдат даъват мекунад

Ахиран, Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз ҳизбҳои демократ ва сотсиалистии Тоҷикистон даъват кардааст, ки бо ҷиноҳҳои дохилии худ дар мавриди таҳияи феҳрасти ягонаи номзадҳояшон барои ширкат дар ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ машварат кунанд. Ин дар ҳолест, ки вазорати адлияи Тоҷикистон феҳрасти ҳашт ҳизберо, ки метавонанд дар ҳавзаи ягонаи интихоботӣ номзад муаррифӣ кунанд, ба Комиссияи интихоботӣ ироа кардааст.

Зоҳиран, ихтилоф миёни ҷиноҳҳои ин ду ҳизб ба шиддати қаблии худ боқист ва ҳар кадоме шароити худро барои иттиҳод пеш мегузорад.

Ҷанҷоли демократҳо

Раҳматулло Валиев, масъули ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар ҲДТ, мегӯяд, ҷонибдрони ин ҷиноҳ барои баргузории анҷумани муштарак бо ҷиноҳи Масъуд Собиров, ки аз сӯи вазорати адлия ба расмият шинохта шудааст, омода мебошанд. Вале, ба шарте, ҳам Масъуд Собиров ва ҳам гурӯҳи Искандаров аз даъвои раёсат даст бардоранд ва дар ин анҷуман Раёсати нави ҳизб интихоб шавад. Он гоҳ ,ба гуфтаи оғои Валиев, имкони таҳияи як рӯйхати ягонаи номзадҳо барои интихобот вуҷуд хоҳад дошт.

Масъуд Собиров, ки бар асоси пешниҳоди Вазорати адлия ҳизби демократии таҳти раёсати ӯ ҳаққи муаррифии номзадҳоро дорад, имкони ҳар гуна иттиҳодеро бо гурӯҳи мухолифи худ рад мекунад. Аз оғои Собиров пурсидам, оё имкон дорад, ки дар феҳрасти номзадҳое, ки ҳизби ӯ пешниҳод мекунад, номи ашхоси саршиносе аз ҲДТ, ки дар ҷиноҳи Искандаров қарор доранд, зикр шавад. Ӯ чунин имконеро рад кард ва гуфт, онҳо мебоист раёсати нави ҲДТ-ро эътироф мекарданд, вале ин корро накарданд ва дар рӯйхат ҷой додани номи онҳо имкон надорад.

Ҷанҷоли сотсиалистҳо

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ, ки Вазорати адлия ӯро ба расмият шинохтааст, низ, ҳар гуна музокира бо ҷиноҳи мухолифи худ ба сардории Мирҳусейн Назриевро дар ин ҳизб рад кард ва гуфт, ин ҳаққи анҷуман аст, ки чӣ касонеро ба феҳрасти номзадҳо шомил мекунад, аммо, яқинан мегӯяд, ӯ номи Назриев ва ҷонибдорони ӯ дар ин рӯйхат нахоҳад буд.

Нигоҳе ба таърих

ҲДТ думболи боздошт ва маҳкумияти раиси худ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар дохили худ дучори ихтифои ҷиддӣ шуд. Аъзои ин ҳизб ба ду даста, ки яке иборат аз ҷонибдорони Искандаров ва дигаре ҷонибдорони Масъуд Собиров тақсим шуданд. Дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2007 ҲДТ ба сардории М. Искандаров интихоботро таҳрим кард ва баъдтар мақомоти адлия ҲДТ ба раҳбарии М. Собировро ба расмият шинохтанд.

ҲСТ низ ҳизбест, ки Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва муассиси Фронти халқӣ онро бунёд гузошта буд. Баъди даргузашти ӯ, ихтилофи миёни пайравонаш боиси дудастагии ин ҳизб шуд. Вазорати адлияи Тоҷикистон ҲСТ ба раҳбарии Абдуҳалим Ғаффоровро ба расмият мешиносад, вале Мирҳусейн Назриев, ки дар мухолифат бо ҳукумат қарор дорад, иддаоъ дорад, ки ҳамчунон раиси қонунии ин ҳизб аст.
XS
SM
MD
LG