Пайвандҳои дастрасӣ

Паймони нави Амрико ва Русия ба имзо мерасад


Имрӯз як мақоми баландпояи Кохи Кремли Маскав гуфт, ки интизор меравад, то Маскав ва Вошингтон ҳамин моҳ паймони нави аслиҳаи ҳастаӣ ё START-ро имзо кунанд. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости ба нақл аз қавли Аркадий Дворкович-мушовири раиси ҷумҳури Русия хабар додааст. Вай гуфтааст, интизор меравад, ки Русияву Амрико моҳи ҷорӣ музокиротро роҷеъ ба паймони нав ба поён баранд. Барак Обама ва Дмиртий Медведев-руасои ҷамоҳири Русия ва Амрико моҳи июл дар Маскав ба тавофуқ расида буданд, ки кулоҳакҳои ҳастаиро коҳиш диҳанд ва шумораи онҳоро ба 1500 то 1675 адад расонанд.
XS
SM
MD
LG